COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба беш аз 13,2 миллион нафар расид

Июль 14, 2020 09:05

ДУШАНБЕ, 14.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон давоми шабонарӯзи охир беш аз 195 ҳазор зиёд шуда, аз 13,2 миллион нафар гузашт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба ҳолати соати 09:00 ба вақти Душанбе дар ҷаҳон 13 236 252 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 575 540 нафар вафот кардаанд ва 7 698 371 кас шифо ёфтаанд. Шумораи гирифторон дар як шабонарӯз 195 878 нафар ва теъдоди фавтидагон 3 731  кас зиёд шуд.

Омори СУТ танҳо маълумоти расмӣ тасдиқшудаи ҳолатҳои сироят ва фавтро, ки аз ҷониби давлатҳо пешниҳод шудаанд, ба назар мегирад. Як рӯз пеш дар як шабонарӯз 198 197 ҳолати сироятёбӣ ва 4 122 фавт ошкор гардида буд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (3 479 483 нафар), Бразилия (1 887 959), Ҳиндустон (907 645), Россия (733 699), Перу (330 123), Чили (317 657), Мексика (304 435), Испания (303 033), Британияи Кабир (290 133) ва Африқои Ҷанубӣ (287 796) дохил мешаванд.

13 июл директори генералии СУТ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор дошт, ки чор сенарияи асосии паҳншавии сирояти коронавирус дар ҷаҳон мавҷуд аст.

Қаблан, худи ҳамон рӯз, Гебрейесус иброз намуд, ки бисёре аз давлатҳо дар доираи мубориза бар зидди сирояти коронавирус ба самти нодуруст рафтаанд. Аммо, ӯ мушаххас накард, ки кадом кишварҳо стратегияи нодурустро интихоб намудаанд.

 

АКС аз бойгонӣ

Июль 14, 2020 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид