Дар мавсими тирамоҳу зимистони имсола 186 бинову иншоот дар ноҳияи Сино бо гармӣ таъмин мешаванд

Июль 22, 2020 09:35

 ДУШАНБЕ, 22.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои  2020-2021 дар ноҳия 186 бинову иншоот бо энергияи гармӣ таъмин мегарданд, ки имрӯзҳо корҳои таъмирию барқароркунӣ дар ин самт васеъ ба роҳ монда шудаанд, иброз дошт раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Нусратулло Салимзода зимни нишасти матбуотие, ки дар мақомоти мазкур доир гардид.

Мавсуф зикр намуд, ки дар ҳудуди ноҳия 183 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо истеҳсоли 64 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Дар шашмоҳаи якуми соли равон аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳия дар маҷмӯъ ба маблағи 380,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 96,5 фоизро ташкил медиҳад.

Дар нишаст зикр гардид, ки ноҳияи Синои шаҳри Душанбе яке аз ноҳияҳои калонтарини пойтахти мамлакат дониста мешавад. Аз ин рӯ шумораи аҳолии он рӯз то рӯз зиёд мегардад. Дар шашмоҳаи аввали соли равон дар масоҳати 19 ҳазору 921 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истофода дода шудааст, ки 99,7 фоизро ташкил медиҳад.

«Таҳлили соҳаи сохтмон нишон медиҳад, ки ташкилоти ин соҳа аз ҳисоби маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба маблағи 377,1 миллион сомонӣ корҳои сохтмониро ба анҷом расонидаанд, ки ин ба 84,8 фоизи нақша баробар аст», — зикр намуд Нусратулло Салимзода.

Дар ҷараёни нишаст иброз дошта шуд, ки бо мақсади пешвози сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша баргузории 1704 чорабинӣ пешбинӣ шуда, айни замон корҳои ободонию созандагӣ, аз қабили сохтмон, навсозӣ ва таъмири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои томактабӣ, сохтмони манзилҳои истиқоматии бисёрманзила, рангубор намудани биною майдонҳои варзишӣ, навсозии нуқтаҳои партов ва таъмири бому таҳхонаҳои биноҳои истиқоматӣ оғоз гардидаанд.

Июль 22, 2020 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад