Дар Муъминобод ба пешвози 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ 15 иншоотро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд
ДУШАНБЕ, 10.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод беш аз 300 иншооти таъйиноти гуногун бунёд мешавад. То ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия сохтмони 15 иншоот ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Тавре мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи мазкур Фирдавс Зарифов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, аз иншооти сохташаванда 3 адад ба соҳаи маориф, 9 адад ба тандурустӣ, ду бино ба фарҳанг, се коргоҳи истеҳсолӣ, 7 марказҳои хизматрасонии маишӣ, 5 коргоҳи коркарди меваю сабзавот ва майдончаҳои варзишию дигар биноҳои маъмурӣ рост меоянд.
Тибқи иттилои номбурда, дар иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бомаром идома дошта, ба ин восита даҳҳо нафар сокинони ноҳия бо ҷой кор таъмин гардиданд.
Масъулини ноҳия барои сари вақт ва бо сифати баланд сохта ба истифода супоридани иншооти боқимонда масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ дастрас намуда, мутахассисон корро дар ду баст ташкил намудаанд.
Иншооти мазкур бо маблағҳои Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Хатлон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорон сохта ба истифода дода мешавад, ки то имрӯз зиёда аз 40 фоизи корҳои сохтмонӣ ба итмом расидаанд.
ДАР АКС: Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и н. Муъминобод. АКС аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд






