Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли собун ва хокаи ҷомашӯӣ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 27.07.2020. /АМИТ Ховар/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, соли 2020 дар ноҳия бунёди 12 коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда дар назар аст. Аз ҷумла, то охири соли равон дар маркази ноҳия- Ҷамоати шаҳраки Ғафуров бо ибтикори ҶДММ «Озода косметик» корхонаи истеҳсоли собун ва хокаи ҷомашӯӣ ба истифода дода мешавад. То имрӯз ба коргоҳ хати муосири технологӣ ворид ва он насб гардида, ҳоло аз ҷониби мутахассисон корҳои таҷрибавии истеҳсолӣ ба роҳ монда шудаанд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Суғд аз шуъбаи энергетика ва саноати ҳукумати ноҳия хабар доданд, имрӯзҳо дар маркази ноҳия сохтмони боз ду коргоҳи нави саноатӣ — корхонаи коркарди ғалла ва истеҳсоли равған бо маром ҷараён дорад. Ин ду коргоҳ аз ҷониби ҶДММ “Хубҷамъ” дар масоҳати 5 гектар ба маблағи 120 миллион сомонӣ бунёд гардида истода, ҳоло корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷом қарор доранд.
Тибқи нақша, дар корхонаи коркарди ғалла дар як шабонарӯз то 500 тонна гандум коркард гардида, дар корхонаи истеҳсоли равған низ дар як шабонарӯз то 30 тонна маҳсулот истеҳсол карда мешавад.
Давоми шашмоҳаи аввали имсол дар ноҳия бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ 8 коргоҳи нави истеҳсолӣ бо 80 ҷойи корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар маҷмӯъ, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби қариб сад коргоҳи саноатии ноҳия ба маблағи 948582,0 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид. Ҳамзамон суръати афзоиши истеҳсолот дар ин давра ба 169,9% баробар гардидааст.








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд






