Дар Вазорати корҳои хориҷӣ дуюмин Мусобиқаи шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» баргузор гардид

Июль 25, 2020 09:50

ДУШАНБЕ, 25.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи якуми дуюмин Мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 30 корманди Вазорати корҳои хориҷӣ ширкат варзида, аз онҳо 5 нафар баранда шуда, ба даври навбатӣ роҳ ёфтанд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мазкур хабар медиҳад, дар маросими ифтитоҳ муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва муовини Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Назаров иштирок карда, сухан гуфтанд.

Муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ Хусрав Нозирӣ таъкид кард, ки соли гузашта бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи Мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» гузошта шуд. Мояи ифтихор аст, ки ин ибтикори муҳим идома ёфта, имсол мамлакати мо шоҳиди баргузории дуюмин Мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» мебошад. Амри мазкур, бидуни тардид, аз таваҷҷуҳи фаровони Пешвои миллат ба соҳаи варзиш ва ба вежа бозии шоҳмот гувоҳӣ медиҳад.

Таъкид гардид, ки шоҳмот ё шатранҷ яке аз куҳантарин бозиҳост, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон ривоҷу шуҳрат дорад. Шатранҷ мусобиқаи зеҳнҳо ва навъе варзиши фикрист. Дониш, ҳуш, рой, ҳофиза ва диққат аз унсурҳоеанд, ки барандаро дар ин бозӣ муайян мекунанд. Шоёни зикр аст, ки ин «нағзбозӣ», бино ба тавсифи яке аз бузургони мо, бо таъриху фарҳанги халқи тоҷик гиреҳ хӯрдааст.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

 

Июль 25, 2020 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд