ДАВРАИ ШИРИН. Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал дар моҳҳои январ-май 4,6% зиёд шудааст

Июль 4, 2020 12:41

ДУШАНБЕ, 04.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Барои  соҳаи кишоварзии Тоҷикистон моҳҳои январ-майи соли ҷориро ба маънии аслиаш метавон «давраи ширин» ном бурд. Дар ин панҷ моҳ дар мамлакат 23 тонна асал истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба миқдори 4,6% зиёд аст, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.   

Ба иттилои манбаъ, тамоми миқдори асали гирифташуда танҳо дар як минтақаи кишвар —  вилояти Хатлон истеҳсол карда  шудааст.

Имрӯз нархи як кило асал ба ҳисоби миёна 40-70 сомонӣ (270-480 рубли русӣ) мебошад.

Дар тӯли солҳои истиқлолият дар Тоҷикистон се барномаи давлатии рушди занбӯриасалпарварӣ қабул гардиданд, ки ба афзоиши оилаҳои занбӯри асал ва истеҳсоли асал дар ҳамаи намудҳои хоҷагиҳо нигаронида шудаанд. Дар кишвар панҷ намуди занбӯри асал парвариш карда мешаванд: тоҷикӣ, карпатӣ, италиявӣ, миёнарусӣ ва қафқозӣ. Аммо машҳуртарини онҳо занбӯри карпатӣ  маҳсуб меёбад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз 9000 занбӯрпарварон фаъолият  мекунанд. Соли гузашта шумораи оилаҳои занбӯри асал дар мамлакат 8000 адад зиёд шуд.

Тибқи иттилои манбаъ, асали Тоҷикистон феълан  ба Россия, Қазоқистон, Афғонистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб содирот карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ширкати канадагии «Hantana Canada Inc» ба нақша гирифтааст, ки на танҳо истеҳсоли асали аз ҷиҳати экологӣ тозаро дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд ба роҳ монад, балки маҳсулоти худро дар оянда ба хориҷи кишвар низ содирот намояд.

Ширкати мазкур ният дорад, ки барои истеҳсоли асал як корхонаи замонавии хурд созад. Барои зиёл кардани навъҳои асал ба он маводҳои хуштамъкунандаи гуногун илова карда мешаванд.

Гуфта мешавад, ки ширкат дар як сол то 55 тонна асал истеҳсол мекунад ва маҳсулот ба бозорҳои баъзе аз кишварҳои воридкунандаи асал: ИМА, Канада, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Иттиҳоди Аврупо бароварда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар Доҳа зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон Хисрав Соҳибзода ва раиси Шӯрои директорони Гурӯҳи ширкатҳои агросаноатии «Ал-Сулайтин»-и Давлати Қатар Абдуллоҳ ал-Сулайтин, намояндаи Давлати Қатар ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ изҳори ҳавасмандӣ намуда, тиҷорати асал, гӯшт ва оби нӯшокиро мутақобилан судманд хонд.

Имрӯз Чин, ИМА ва Аргентина бузургтарин истеҳсолкунандагони асал дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар онҳо мутаносибан ҳар сол то 300 000, 82 000 ва 80 000 тонна асал истеҳсол карда мешавад.

Июль 4, 2020 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд