ДОМОДУ АРӮС БО НИҚОБ. Тӯйҳои хонадоршавӣ дар Тоҷикистон дубора иҷозат дода шуданд

Июль 4, 2020 14:45

ДУШАНБЕ, 04.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон сироятёбӣ ба бемории коронавирус тадриҷан коҳиш меёбад. Тибқи маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар муддати аз 30 апрел то 3 июл шумораи гирифторони COVID-19 дар кишвар ба 6108 нафар расида, то имрӯз 4,762 нафар ё худ 77,9% гирифторон табобат ёфтаанд.

Беҳтар гардидани вазъи эпидемиологӣ ба мақомот имкон дод, ки дар кишвар як қатор имтиёзҳоро ҷорӣ кунад.

Аз ҷумла, тӯйҳои хонадоршавӣ дубора иҷозат дода шуданд. Навхонадорон, метавонанд на зиёда аз 100 нафарро ба зиёфат даъват кунанд ва ҳатто тӯйро дар тарабхона ё қаҳвахона ҷашн гиранд. Дуруст аст, ки маҳдудият вуҷуд дорад: ба муассиса иҷозат дода шудааст, ки дар як рӯз танҳо як чунин чорабинӣ гузаронад. Пеш аз маросим, ​​дастҳои домоду арӯс ва меҳмонони онҳоро бо маҳлулҳои антисептикӣ безарар мегардонанд.

Ҳама иштирокчиёни маросим, ​​аз ҷумла домоду арӯс, инчунин мутахассисони шӯъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, ҳангоми дар толори САҲШ қарор доштан бояд ниқобҳои муҳофизатии тиббиро истифода баранд.

Дар сурати риоя накардани шартҳои зикршуда иштирокчиёни маросимро метавонанд ҷарима банданд.

Ва инчунин…

Аз нимаи моҳи июн бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 фаъолияти бахши хизматрасонӣ дар саросари ҷумҳурӣ барқарор карда шуд. Ҳоло сокинони Тоҷикистон озодона ба қаҳвахонаву тарабхонаҳо мераванд, дар боғҳо сайругашт менамоянд ва дар бозорҳо, аз ҷумла «Корвон», харид мекунанд.

Оҳиста-оҳиста ҳаёти варзишии Тоҷикистон низ ба тарзи маъмулӣ бармегардад. Чемпионати ҷумҳурӣ оид ба футбол дубора ( ҳарчанд ҳанӯз бидуни ҳузури тамошобинон) оғоз ёфт.

Ҳамзамон, дар кишвар як қатор маҳдудиятҳо ҳанӯз   амал мекунанд.Аз ҷумла, сокинон то ҳол уҳдадоранд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоб пӯшада, масофаи иҷтимоиро риоя намоянд. Маъракаҳои оммавӣ низ ҳоло ҳам манъ мебошанд.

Дар кӯчаҳои нуқтаҳои аҳолинишин мунтазам рейдҳо гузаронида мешаванд, ки зимни онҳо вайронкунандагони низоми ниқоб ошкор мегарданд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ протоколҳо тартиб дода, дар бораи коронавирус суҳбат мекунанд ва аҳамияти пӯшидани ниқобҳои муҳофизатиро шарҳ медиҳанд.

Илова бар ин …

Имрӯз, 4 июл, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо расониданд, ки ба пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва беҳдошти сиҳатии мардум равона гардида, ба шахсоне, ки қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла талаботи чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантиниро вайрон мекунанд, ҷавобгарӣ пешбинӣ менамояд.

Гап сари ҷазоҳои сахттар барои вайрон кардани меъёрҳои санитарӣ-гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ ва вайрон кардани қоидаҳои мубориза бар зидди эпидемия, ки метавонад боиси марги одамон гардад, меравад.

Акнун гунаҳгорон барои қасдан паҳн кардани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус, ба маҳбас кашида, барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ тавассути ВАО дар бораи пандемия  метавонанд ҷарима  баста шаванд.

Июль 4, 2020 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон аз тағйирёбии босуръати иқлим ва оқибатҳои ногувори он изҳори нигаронӣ намуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ-ШИНОСНОМАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКОН. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба истиқлолият
Эмомалӣ Раҳмон: «Ормону орзуи ҳар шахс танҳо дар сурати побарҷо будани сулҳу суботи ҷомеаву давлат ва ваҳдати миллӣ амалӣ гардида метавонад»
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Шабакаи алоҳидаи телевизионии таълими забонҳои хориҷӣ таъсис дода шавад»
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН САРПАРАСТИ БОЗ ЯК ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ. Озмуни «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» дар соли 2024 баргузор карда мешавад
«ДАҲСОЛАИ АМАЛ БАРОИ ИЛМҲОИ КРИОСФЕРА, СОЛҲОИ 2025-2034»: Талоши созанда барои ҷаҳонӣ гардонидани илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ
ТАНҲО МУТОБИҚШАВӢ БА ИҚЛИМ КОФӢ НЕСТ. Гармои тӯлонӣ ва шадид зарурати амалҳои фавриро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим таъкид менамояд
33 СОЛИ ПУРСАМАРИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Дар роҳи ватансозӣ мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем!»
ИСТИҚЛОЛ ВА ШИНОХТИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳои Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Амид Комилбек дар ин маврид
Президенти Тоҷикистон ҳушдор доданд: «Эҳтимолан чанд соли оянда мо шоҳиди боз дигар рақамҳои рекордии вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво гардем»
БА ТАЪСИСИ «РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН» 30 СОЛ ПУР ШУД. 72 фоизи боркашонӣ дар мамлакат тавассути роҳи оҳан амалӣ мегардад