ФУТБОЛ. 20 июл дар Душанбе дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба тамринҳо мепардозад
ДУШАНБЕ, 17.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бинобар таътили се ҳафтаина дар Лигаи олӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муддати шаш рӯз ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ доир мекунад. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Усмон Тошев 20 июл дар шаҳри Душанбе ба тамринҳо мепардозад. Тамринҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мешаванд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи итиллои манбаъ, 20 июл дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе футболбозони даъвогар ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз санҷиши тайёрии ҷисмонӣ ё ба истилоҳ «йо-йо тест» мегузаранд. Ба қатори чунин бозингарон Сиёвуш Асроров («Раҳматгонж», Бангладеш), Фатҳулло Фатҳуллоев, Амирҷон Сафаров, Алишер Баротов, Шарафҷон Солеҳов, Парвизҷон Алиев ( «Хуҷанд»), Фатҳулло Бобоев («Файзканд»), Кароматулло Саидов, Наимҷон Иброҳимзода ( «Хатлон»), Далер Ёдгоров, Отабек Каримов, Мунир Давлатбеков («Куктош»), Нозим Бобоҷонов, Доробҷон Эргашев, Оятулло Сафаров («Регар-ТадАЗ»), Шервони Мабатшоев, Фирӯз Бобиев (КМВА), Исмоилҷон Алимардонов («Душанбе-83»), Файзиддин Каримов, Шерзод Дадабоев, Зуҳриддин Фузайлов, Умеҷон Рамазонов ва Муҳаммаҷон Ризомов («Барқчӣ»).
Хотиррасон мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми муқаддамотии Ҷоми ҷаҳон-2020, ки шомили гурӯҳи «F» аст, ҳоло се бозии дигар бояд баргузор кунад. 8 ноябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар хонааш дастаи мунтахаби Муғулистонро пазироӣ мекунад. Баъдан 12 ноябр бо дастаи мунтахаби Япония ва 17 ноябр бо дастаи мунтахаби Мянма рақобат мекунад.
Хотиррасон мешавем,ки ки 19 ноябри соли 2019 дар варзишгоҳи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек бозии даври 6-уми мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои футболи мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон дар сатҳи баланду хотирмон баргузор гардида буд, ки дар ин рақобат дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Қирғизистон баробар бозӣ намуда, он бо ҳисоби мусовӣ 1:1 хотима ёфта буд.
Бояд гуфт, ки шогирдони Усмон Тошев дар ду бозии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» бар дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Муғулистон бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз шуда, аз дастаи мунтахаби Япония бо ҳисоби 0:3 мағлуб гаштааст.
Дастаи мунтахаби Япония ба ҷуз аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ду бозии дигар дастаҳои мунтахаби Мянмаро бо ҳисоби 2:0 ва Муғулистонро бо ҳисоби 6:0 шикаст додааст.
Ба ин тартиб, футболбозони Япония, ки бо 12 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи «F» мақоми аввалро касб намудаанд, довталаби асосӣ барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи сеюми мусобиқот мебошанд.
Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳафт имтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо дастаи мунтахаби Қирғизистон дар ҷойи дуюм ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи сеюм қарор доранд. Дастаи мунтахаби Мянма бо шаш имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Футболбозони Муғулистон бошад, бо се имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудаанд.
Дар марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат доранд. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондиҳандаҳояшон хубтари ҷойҳои дуюм ба марҳилаи сеюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 роҳ пайдо намуда, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.
| Б | Ғ | М | М | Г | И | ||
| 1. | Япония | 4 | 4 | 0 | 0 | 13-0 | 12 |
| 2. | Қирғизистон | 5 | 2 | 1 | 2 | 10-5 | 7 |
| 3. | Тоҷикистон | 5 | 2 | 1 | 2 | 6-8 | 7 |
| 4. | Мянма | 5 | 2 | 0 | 3 | 5-13 | 6 |
| 5. | Монголия | 5 | 1 | 0 | 4 | 2-10 | 3 |
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қиргизбоев («Локомотив-Помир»);
Дифоъгарон: Табрези Давлатмир, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷурабоев (ҳама – «Истиқлол»), Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Ӯзбекистон), Хуршед Бекназаров («Хуҷанд»), Аҳтам Назаров («Башундара Кингс», Бангладеш), Аъзамҷон Муродов («Душанбе-83»), Билол Сулаймонов (КМВА);
Ниммҳимоятгарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Саиф Спортинг Клуб», Бангладеш), Комрон Турсунов («Моҳун Баган», Ҳиндустон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе (ҳама – «Истиқлол»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»), Муҳаммаҷон Раҳимов («Истиқлол»), Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»),
Ҳамлаварон: Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров, Шериддин Бобоев (ҳама – «Истиқлол»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Тоҳир Маладустов («Каганат», Қиғизистон), Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»).
Сармураббӣ – Усмон Тошев.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






