ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ оғоз намуд

Июль 22, 2020 08:35

ДУШАНБЕ, 22.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар шаҳри Душанбе ҷамъомади таълимӣ-тамриниро оғоз кард. Ҷамъомади навбатии дастаи мунтахаби Тоҷикистон муддати шаш рӯз идома меёбад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тамринҳои дастаи миллӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сурат мегиранд. Ба иттилои сармураббии дастаи  мунтахаби Тоҷикистон Усмон Тошев, дар ин тамринҳо бештар ба ҳолати физикӣ ва тайёрии ҷисмонӣ таваҷҷуҳи бештар равона карда мешавад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»);

Дифоъгарон: Табрези Давлатмир, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷурабоев (ҳама – «Истиқлол»), Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Ӯзбекистон), Хуршед Бекназаров («Хуҷанд»), Аҳтам Назаров («Башундара Кингс», Бангладеш), Аъзамҷон Муродов («Душанбе-83»), Билол Сулаймонов (КМВА);

Ниммҳимоятгарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Саиф Спортинг Клуб», Бангладеш), Комрон Турсунов («Моҳун Баган», Ҳиндустон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе (ҳама – «Истиқлол»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»), Муҳаммаҷон Раҳимов («Истиқлол»), Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»),

Ҳамлаварон: Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров, Шериддин Бобоев (ҳама – «Истиқлол»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Тоҳир Маладустов («Каганат», Қиғизистон), Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев.

Июль 22, 2020 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт