Гурӯҳи корӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти бунёдшаванда дар ноҳияи Рӯшон шинос шуд

Июль 16, 2020 14:50

ДУШАНБЕ, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагиву ободонӣ бо сафари корӣ дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дорад. Гурӯҳи мазкур 15 июл бо корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии ноҳияи Рӯшон шинос шуда, аз якчанд хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дидан намуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Гурӯҳи мазкур аз гармхонаҳои соҳибкори ноҳияи мазкур Ҳамдам Давлатмамадов дидан намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Ҳамдам Давлатмамадов дар хоҷагии деҳқониаш 5 адад гармхонаи муосир ташкил намуда, ҳамарӯза маҳсулоти кишоварзиро ба бозори шаҳри Хоруғ ба фурӯш мебарорад. Соҳибкор зикр намуд, ки дар ташкили чунин гармхонаҳо ба ҳамдеҳагонаш кумак мерасонад.

Инчунин гурӯҳи корӣ аз сохтмони муассисаи таълимӣ барои 640 нафар хонанда, бинои маорифи ноҳияи Рӯшон, ки   бо маблағи 3 миллион сомонӣ бунёд мегардад,  инчунин  аз бинои бонки амонатгузорӣ «Амонатбонк» дар ноҳияи Рӯшон, ки  бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарфи  1 миллиону 999 ҳазор сомонӣ сохта мешаванд, шинос шуданд.

А. Раҳмонзода зимни суҳбат бо  масъулин  зикр кард, ки корҳои сохтмониро сари вақт ва бо сифати аъло ба анҷом расонанд, зеро биноҳои бунёдшаванда бояд солҳои тӯлонӣ ба аҳолии ноҳия хизмат расонанд.

Ёдовар мешавем, ки роҳбари ҳайати гурӯҳи кориро дар ин сафар Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода, муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

 

Июль 16, 2020 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»