Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Ширин Исматуллозода аз «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон»-и шаҳри Турсунзода дидан намуд

Июль 28, 2020 11:40

ДУШАНБЕ, 28.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода аз «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон»-и шаҳри Турсунзода дидан намуд.

Тавре зимни боздид ба муовини Сарвазир иттилоъ дода шуд,  самти асосии фаъолияти «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон»-и шаҳри Турсундзода ба таъминоти моддию маишӣ ҷиҳати нигоҳубини беморон, расонидани ёрии тиббӣ, тавонбахшӣ, ташкили корҳои маданӣ-маишӣ, таҳия ва амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳо баҳри тавонбахшии иҷтимоии пиронсолону маъюбон нигаронида шудааст.

Ҳамчунин гуфта шуд, муассисаи мазкур барои 230 нафар пешбинӣ гардида, ҳоло дар он ба хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ 191 нафар бошанда фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 97 нафар мард ва 94 нафар зан мебошанд.

Ҳамзамон зикр гардид, ки аз шумораи умумии бошандагон 28 нафар маъюби гурӯҳи I, 55 нафар маъюби гурӯҳи II ва 3 нафар маъюби гурӯҳи III мебошанд.

Тазаккур дода шуд, ки заминҳои назди «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон»-и шаҳри Турсунзода самаранок истифода шуда, дар муассиса маҳсулоти зарурӣ ба таври кофӣ захира гардидааст.

Зимни вохӯрӣ бо пиронсолону маъюбони хона-интернат, Ширин Исматуллозода аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба онҳо ёдовар  шуда, доир ба тадбирҳои минбаъдаи Ҳукумат дар самти дастгирии иҷтимоии пирону маъюбон ибрози андеша намуд.

Бошандагони хона-интернат дар навбати худ, ба роҳбарияти давлату Ҳукумат, бахусус Пешвои муаззами миллат барои таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаашон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ба гурӯҳи корӣ ҳамчунин муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусамадзода ва муовини Вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ низ шомил буданд.

Июль 28, 2020 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»