ХАБАРИ ФАВРӢ! Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 46 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шуд

Июль 16, 2020 19:00

ДУШАНБЕ, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 46 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар муддати аз 30 апрел то 16 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6741 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 5431 нафар ё худ 80,5%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар муддати зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 56 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамчунин хабар медиҳад, ки давоми шабонарӯзи охир 179 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 48 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

 

АКС аз манобеи боз

Июль 16, 2020 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

АҚЛИ РАСО ВА ДИДАИ БИНО. Омилҳое, ки барои дарки мазмуну моҳияти Паёми Пешвои миллат ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории мамлакат заруранд
СОЛИ 2022 МОРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? Гузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар» дар бораи дигаргуниҳо дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон
Соҳибкор Маҳмудҷон Муродов дар арафаи Соли нави мелодӣ ба сарбозону афсарон ва оилаҳои ниёзманд кумаки моддӣ расонид
ДАР ТОҶИКИСТОН СУРЪАТИ ЭМГУЗАРОНӢ АЗ КОВИД-19-РО АФЗОИШ МЕДИҲАНД. Вале иҷрои нақша дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар сатҳи паст қарор дорад
Рустам Ҳайдаров: Паёми Президенти Тоҷикистон дар шароити мураккаби геополитикӣ ва геоиқтисодии ҷаҳони имрӯза ҳуҷҷати роҳнамост
Зубайдулло Давлатов, коршиноси масоили сиёсӣ: Паёми навбатии Пешвои миллат фарогири як пешниҳод, як нақшаи чорабиниҳо, як барнома, ду стратегия, ду консепсия ва даҳ супориш аст
Ба Тоҷикистон боз 2 миллиону 962 ҳазору 800 воя ваксинаи «КоронаВак» ворид гардид
ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо БРСММ оид ба рушди малакаи касбии ҷавонон ва пешбурди инноватсия дар Тоҷикистон лоиҳаи нав оғоз менамояд
Имшаб ба Тоҷикистон 2 миллиону 900 ҳазор воя ваксинаи «КоронаВак» ворид мегардад
Шумораи гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон аз 276 миллион нафар гузашт
«ДИПЛОМ МЕДИҲЕМ, ВАЛЕ КАЛЛАҲО ХОЛӢ…». Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бояд аз шакли кӯҳнаи таҳсил даст кашид ва таълимро ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонид
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон: «Ягона роҳи муассири эмин мондан аз бемории КОВИД-19 эмгузаронӣ мебошад»