ХАБАРИ ФАВРӢ! Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 53 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шуд

Июль 7, 2020 18:28

ДУШАНБЕ, 07.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 53 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар муддати аз 30 апрел то 7 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6315 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 4965 нафар ё худ 78,6%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар муддати зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 53 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамчунин хабар медиҳад, ки давоми шабонарӯзи охир 220 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 51 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

 

АКС аз манобеи боз

Июль 7, 2020 18:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон 42 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд
COVID-19. Дар Тоҷикистон 83,5%-и гирифторони коронавирус шифо ёфтанд
АРЗЁБИИ РАВАНДИ МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои табиб, доктори илмҳои тиб, профессор, ходими маъруфи давлатию ҷамъиятӣ Ҷумъабой Сангинов
COVID-19. Раҷаббой Аҳмадзода аз беморхонаи сироятӣ ва беморхонаи клиникии вилоятӣ дидан намуд
ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон 46 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд
Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон бо ошкор гардидани беш аз 290 ҳазор ҳолати нав аз 17 миллион гузашт
COVID-19: Дар Тоҷикистон 83,3% гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд
COVID-19. Давоми шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон беш аз 247 ҳазор нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд
ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардид
COVID-19. Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон зиёда аз 218 ҳазор нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд
Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Ширин Исматуллозода аз «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон»-и шаҳри Турсунзода дидан намуд
Муроҷиатномаи Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи мамлакат