Маҳмадулло Раҷабзода: Донишҷӯёни хориҷӣ таҳсилро ба ҳайси шунавандаи курси забони тоҷикӣ идома медиҳанд

Июль 23, 2020 15:10

ДУШАНБЕ, 23.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Таваҷҷуҳ ба омӯзиши забони тоҷикӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷи рӯз ба рӯз зиёд мегардад. Бо  назардошти ин  дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ роҳандозӣ гардидааст. Баъди хуруҷи бемории сироятии COVID-19 фаъолияти курси забони тоҷикӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ, ки дар донишкадаи мазкур таҳсил мекунанд, мувақаттан боздошта шуд, аммо  бо оғози соли нави хониш омӯзиш дар курси мазкур дубора шуруъ мегардад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи мазкур Маҳмадулло Раҷабзода зикр намуда, илова кард, ки аз ҷумлаи шунавандаҳои чунин курсҳо  3 нафар донишҷӯи хориҷӣ — 2 шаҳрванди Мексика ва 1 донишҷӯ аз Туркия ба шумор мераванд, вале теъдоди хоҳишмандон барои иштирок дар ин курсҳо хеле зиёд аст.  

Номбурда илова кард, ки ҳоло Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон бо 50 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат ва ташкилоту муассисаҳои бурунмарзӣ созишномаву қарордодҳои ҳамкорӣ ба тасвиб расонидааст.

Ба гуфти мавсуф, дар заминаи ин ҳамкорӣ 4 нафар омӯзгори донишкада дар хориҷи мамлакат аз такмили итисос гузаштанд.

«Чунин робитаҳои судманд барои баланд бардоштани сифати таълим ва омодасозии мутахассисони соҳибтахассусу забондон ва ҷавобгӯ ба бозори меҳнат мусоидат менамоянд»,- афзуд номбурда.

Феълан дар зинаи магистратура, аспирантура ва докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) 6 нафар дар хориҷи ҷумҳурӣ идомаи таҳсил доранд.

Ба таъкиди Маҳмадулло Раҷабзода, яке аз дастовардҳои муҳими донишкада — таҳсили донишҷуён  дар хориҷи мамлакат ва иштироки онҳо дар озмунҳои илмиву фарҳангӣ мебошад, ки дар айни замон 4 донишҷӯ дар Донишгоҳи Токиои Япония таҳсил доранд.

Ҳоло дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон 5 факултет, аз ҷумла филологии тоҷик ва рус, забони англисӣ, забонҳои Аврупо ва Осиё амал менамоянд, ки дар онҳо қариб 5 ҳазор донишҷӯ дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил доранд.

Июль 23, 2020 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид