Мирзо Исмоилзода: Ширкати «Барқи Тоҷик» дар нуқтаҳои ҳисоби неруи барқи аҳолӣ зиёда аз 22 ҳазор ҳисобкунаки кортӣ насб кардааст

Июль 27, 2020 16:10

ДУШАНБЕ, 27.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати саҳомию холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» то имрӯз  дар нуқтаҳои ҳисоби неруи барқи сокинони мамлакат  зиёда аз 22 ҳазор ҳисобкунаки кортӣ насб кардааст. Ҳоло дар нуқтаҳои ҳисоби неруи барқи муштариён дар шаҳри Кӯлоб — 7536 адад, Леваканд – 3339, Ёвон – 2109 ва ноҳияи Рӯдакӣ — 9555 ҳисобкунаки кортӣ, ки тариқи пешпардохт кор мекунанд, насб карда шудаанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Мирзо Исмоилзода ибрози назар  намуд.

«Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар минтақаҳое, ки чунин ҳисобкунакҳо насб карда шудаанд аз тарафи истифодабарандагон сарфакорона истифода намудани барқ, пардохти саривақтии маблағҳо ба назар мерасад ва ин сабаби бартараф шудани ҳолатҳои рух додани садамаҳо дар таҷҳизоти барқӣ ва шабакаҳо гардида истодааст»,-илова намуд Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Мирзо Исмоилзода.

Ширкат бо мақсади сарфаҷӯӣ, коҳиш додани талафоти энергияи барқ ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани маблағи барқи истифодашуда аз соли 2011 инҷониб тасмим гирифтааст, ки тамоми таҷҳизоту асбоби барқии кӯҳнашуда ва муҳлати истифодаашон гузаштаро бо таҷҳизоту асбоби барқии замонавӣ иваз намояд.

Ба андешаи мутахассисони соҳа, таъмини мизоҷон бо чунин ҳисобкунакҳо якчанд афзалият дорад. Аз ҷумла, пеши роҳи истифодаи ғайриқонунии энергияи барқ гирифта мешавад, истифодабарандаи энергияи барқро водор мекунад, ки онро сарфакорона истифода намояд, сатҳи ҷамъоварии маблағи барқ баланд мешавад, зеро муштарӣ маблағи барқро пешпардохт менамояд ва танҳо дар ҳаҷми маблағи пардохт намудааш қувваи барқро истифода менамояд. Баробари тамом шудани маблағ интиқоли қувваи барқ қатъ мегардад, ниёз ба хидмати назоратчиён намемонад ва баъзе нофаҳмиҳое, ки имрӯз дар байни назоратчиён  ва муштариён ба вуқӯъ меоянд, аз байн мераванд.

Ширкати «Барқи тоҷик» ният дорад корро дар ин самт идома диҳад ва пешбинӣ шудааст, ки ояндаи наздик дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат ҳисобкунакҳои электронӣ насб карда шаванд.

Масъулини ШСХК «Барқи Тоҷик» бо боварӣ дар мавриди истифодаи ҳисобкунакҳои кортӣ изҳор доштанд, ки ин навъи  таҷҳизоти муосир дорои ду асбоби пешгирисозандаи садамавӣ дорад ва бартарии дигари асбобҳои ченкунии нав дар он аст, ки дар ҳуҷраю ҳавлиҳо, корхонаю муассисаҳое, ки чунин ҳисобкунак гузошта шудааст, ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ аз байн меравад

Ҳамзамон дар нишаст атрофи роҳҳои коҳиш додани талафоти неруи барқ сухан рафт. Зикр гардид, ки яке аз роҳҳои коҳиш додани талафоти неруи барқ — ин сари вақт муайян намудани ҳолатҳои ғайриқонунии истифодаи он аз тарафи истифодабарандагон мебошад. То ба ҳолати 1 июли соли 2020 аз тарафи шабакаҳои барқии шаҳрӣ ва ноҳиявии зертобеи ширкат дар маҷмӯъ 11 931 ҳолати истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ба миқдори 47,9 млн. кВт.с ошкор карда шуд. Санадҳои дахлдор ба маблағи зиёда аз 16 млн. сомонӣ тартиб дода шуда, аз ин ҳисоб 8,7 млн. сомонӣ маблағи ҳисобишуда пардохт карда шудааст.

Дар шашмоҳаи якуми соли 2020 сатҳи талафоти неруи барқ дар Ширкати «Барқи Тоҷик» дар маҷмӯъ ба 16,4% ё ҳаҷми он ба 1652,9 млн. кВт.соат баробар мебошад.

Июль 27, 2020 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад