«Об — ҷузъи муҳими организми инсон». Чанд тавсияи муфид доир ба истеъмоли дурусти он дар барномаи «Маслиҳати мутахассис»-и Радиои «Ховар»
ДУШАНБЕ, 01.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Об дар инкишофи организми инсон нақши муҳим дорад, зеро мутахассисон иброз медоранд, ки 65 дарсади организмро об ташкил медиҳад. Махсусан дар фасли гармо талаботи организм ба об бештар мегардад. Ҳар як шахсро зарур аст, ки вобаста ба талаботи организм нӯшидани обро дуруст бояд истифода барад. Албатта, табибон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми баланд будани ҳарорати бадан нӯшидани оби сард ба манфиат нест, зеро дар ин сурат кас метавонад ба бемориҳои гуногун, аз ҷумла бемориҳои меъдаву рӯда ва амсоли инҳо мубтало гардад. Аз ҷониби дигар риояи дурусти истеъмоли об имкон медиҳад, ки вазъи саломатӣ муътадил нигоҳ дошта шавад. Аз ин рӯ, ҳар як шахсро зарур аст, ки ҳангоми истифодаи об қоидаҳои дурусти истеъмоли онро риоя кунад.
Мутаассифона, тавре мушоҳида менамоем, баъзе нафарон ҳангоми баланд будани ҳарорати бадан ва ё машғул будан ба кори ҷисмонӣ дарҳол оби сардро истифода мебаранд, ки ин ҳолат метавонад ба вазъи саломатӣ паёмадҳои нохубро ба бор биёрад.
Ҳотамбек ХАЙРОВ, директори Муассисаи давлатии Маркази ғизои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истифодаи дурусти об, махсусан дар ҳолатҳои болозикр, чанд тавсияи муфид пешниҳод намуд, ки фишурдаи онро метавонед тавассути барномаи «Маслиҳати мутахассис»-и Радиои «Ховар» бишнавед.
Барнома имрӯз, 1 июл соати 10:30 (асл) ва такроран соатҳои 14:30 ва 20:30 аз Радиои «Ховар» пахш мешавад.








ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад






