Рамазон Раҳимзода дар шаҳри Хоруғ аз ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ дидан намуд

Июль 28, 2020 11:20

ДУШАНБЕ, 28.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода дар ҷараёни боздиди корӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) бо ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар маркази вилоят шинос гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Вазири корҳои дохилиро дар ҷараёни сафар муовини якуми раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуда, боздиди корӣ нахуст аз Маркази савдои навбунёд, воқеъ дар бозори «20- солагии Истиқлолият» оғоз гардид.

Дар ин мавзеъ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Айдибек Бекмуродӣ сохтмони Маркази савдои сетабақа идома дошта, қарор аст, ки дар остонаи ҷашни миллӣ чорумин маркази тиҷоратӣ дар шаҳри Хоруғ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Дар ҳудуди бозори «20-солагии Истиқлолият» ҳамчунин коргоҳи дӯзандагӣ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ бо ҷалби 45 нафар бонувону ҷавондухтарон дар пешорӯи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Бунёди коргоҳи мазкур барои фаъолияти пурсамар ва фароҳам овардани рушди соҳибкорӣ дар ин гӯшаи мамлакат мусоидат менамояд.

Рамазон Раҳимзода зимни боздид аз иншооти ҷашнии шаҳри Хоруғ аз мавзеи сохтмони пули мошингузари маҳаллаи Селхозтехника дидан кард. Бо мақсади коҳиши танбашавӣ дар хатсайриҳои шаҳри Хоруғ бо ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди сеюмин пули калони мошингузар бар фарози рӯдхонаи Ғунд дар шаҳри Хоруғ дар назар дошта шудааст. Тибқи лоиҳаи сохтмонӣ, дарозии он беш аз 200 метр буда, он дар маркази вилоят нахустин пули мошингузари замонавӣ хоҳад буд.

Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ ҳамчунин сохтмони бинои филиали №66-и Бонки давалатии амонатгузории ҷумҳурӣ «Амонатбонк» оғоз гардида, аллакай 68 фисади корҳо ба анҷом расидаанд. Бинои бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иншооти ҷашнӣ буда, дар арафаи таҷлили сазовори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Тибқи лоиҳа, бинои мазкур чорошёна буда, аз маҷлисгоҳ, шуъбаҳо ва қисми амалиётиву утоқҳои махсуси корӣ иборат мебошад. Фармоишгари ин сохтмон худи бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба ҳисоб меравад.

Гурӯҳи корӣ ҳамчунин бо ҷараёни сохтмони Театри миллӣ дар шаҳри Хоруғ аз наздик шинос гардида, барои ба тартиб даровардани роҳравҳо ва майдончаҳои атрофи бинои театр масъулини сохтмонро муваззаф намуд, ки дар асоси тарҳи меъмориву шаҳрсозӣ ҳудуди Театри миллиро пурра навсозӣ намоянд. Театри мазкур барои 1000 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, маблағи сохтмони он баробар ба 37 миллион сомонӣ мебошад, ки айни ҳол қариб 90 фоизи ин маблағ ба кор бурда шудааст.

Дар остонаи ҷашни миллӣ қарор аст, ки дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ дар баробари Парчами давлатӣ ҳамчунин Нишони миллӣ- яке аз муқаддасоти дигари миллӣ низ бунёд хоҳад шуд. Фармоишгари Нишони миллӣ ҶДММ «Талко Менеҷмент» буда, паймонкори он ширкати сохтмонии маҳаллии ҶДММ «Бунёд»  мебошад. Ин лоиҳа низ дар қатори дигар иншооти ҷашнӣ қарор гирифта, гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷараёни корҳои сохтмонии ин иншоот дидан намуданд.

Дар баробари ин корҳои бунёдӣ дар бинои муассисаи таълимии рақами 8-уми шаҳри Хоруғ бомаром ҷараён гирифта, барои бунёди бинои таълимии ин иншоот аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки аллакай 85 фоизи корҳо дар бинои якум ба итмом расонида шудааст. Бино барои 640 нафар хонанда бо тамоми шароити зарурӣ пешбинӣ гардида, он аз се ошёна ва се бинои асосии таълимӣ иборат мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аз моҳи июни соли 2019 оғоз гардиданд. Дар марҳилаи якум аз рӯи лоиҳаи пешбинигардида, аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Бинокорон бо масолеҳи сохтмонӣ пурра таъмин буда, аллакай ҳаҷми муайяни корҳои бунёдӣ анҷом дода шудаанд. Паймонкори ин иншоот ҶДММ «Шариф ШС» буда, сохтмончиён ба корҳои сохтмонӣ машғул мебошанд.

Хамчунин дар ҷараёни сафар бунёди майдончаи муосири варзишии маҳаллаи Тирчид мавриди санҷиш қарор ёфта, барои бо сифати баланд ба истифода додани ин майдончаи варзишӣ ба масъулини шаҳрдорӣ супоришҳои иловагӣ дода шуданд.

Июль 28, 2020 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд