Равоншиносон муайян карданд, ки киҳо ниқоб намепӯшанд ва карантинро риоя намекунад
ДУШАНБЕ, 27.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Одамони «сиёҳтинат» моили риоя намудани чораҳо ҷиҳати боздоштани густариши уфунати коронавирус намебошанд. Натиҷаи ду таҳқиқоти равоншиносони Полша дар ин маврид далели ин хулоса мебошад. Мақолаҳо оид ба ин масъала дар маҷаллаи «Personality and Individual Differences » нашр шудаанд.
Дар ин «сегонаи сиёҳ» -и хислатҳои шахсият бемориҳои рӯҳӣ, (психопатия), худдӯстдорӣ (нарцисизм) ва ҷонибдори Макиавеллизм будан шомил мебошанд. Нишонаҳои бемории рӯҳӣ — худпарастӣ, сангдилӣ, ҳаракатҳои ғайриихтиёрӣ, худдӯстдорӣ — худбинӣ ва эмпатия (надоштани ҳисси ҳамдардӣ, дилсӯзӣ) мебошанд. Нишонаҳои Макиавеллизм – майл доштан ба найрангбозӣ, ҳиллагарӣ, истисмори одамони дигар, дурӯғгӯйӣ ва ба назар нагирифтани меъёрҳои аҳлоқӣ ба хотири расидан ба манфиатҳои худ.
Барои фаҳмидани он ки кадом сифатҳои шахсии одамон ба дарки ҳолат ва рафтори онҳо дар шароити пандемия таъсир мерасонанд, равоншиносон 755 сокини Полшаро пурсидаанд. Пурсишҳо аз 15 то 29 марти соли 2020, дар ҳафтаҳои сеюм ва чаҳоруми пас аз ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои вобаста ба пешгирии тавсеаи COVID-19 аз тарафи ҳукуматдорон гузаронида шудаанд.
Зимни пурсишҳо маълум гардид, ки пурсидашудагон аз рӯи ҷадвали «сегонаи сиёҳ» соҳиби холҳои зиёд шуда, майли риоя намудани маҳдудиятҳо ва чораҳои эҳтиётиро, аз ҷумла пӯшидани ниқобҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, зуд-зуд шустани дастҳо, нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ ва дар хона мондан, ба истиснои ҳолатҳои зарурӣ надоранд. Ҳамзамон дар байни «беморони рӯҳӣ» ва “худдӯстдорон» нафароне ёфт шуданд, ки дар шароити пандемия моил ба захира намудани молҳои зарурии рӯзгор мебошанд, аз мағозаҳо қоғази ташноб, хӯрокворӣ ва молҳои дигар харид мекунанд.
Ба назари муҳаққиқон, одамони «сиёҳтинат» ба фоидаоварии маҳдудиятҳои вобаста ба пешгирии эпидемия боварӣ надоранд ва бинобар ин онҳо хоҳиши риоя намудани онҳоро надоранд. Кӯшиши онҳо барои ташкили захираҳо – ин камоли худпарастӣ ва тарси сироятшавӣ мебошад.
Натиҷаи пажӯҳиши дуввум, ки зимни он 263 тан пурсида шуда буданд, тасдиқ намуд, ки одамоне, ки дорои хусусиятҳои худдӯстдорӣ ва дигар хислатҳои «торик» -и шахсӣ мебошанд, нисбат ба дигарон қоидаҳои пешгирикунандаи пандемияро бештар вайрон мекунанд. Ҳамзамон ин қабил одамон моиланд, ки вазъияти вобаста ба COVID-19 –ро мувофиқи табиати худ мусбат арзёбӣ намоянд, эҳтимолан онҳо фикр мекунанд, ки чунин ҳолат барои фиребгарӣ ва истисмори атрофиён мусоидат мекунад.
АКС: «News Factory»








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






