Сафари гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Ширин Исматуллозода ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба анҷом расид

Июль 7, 2020 13:05

ДУШАНБЕ, 07.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурўҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода аз 1 то 6 июл дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон (ВМКБ) қарор дошт.

Ба ҳайати гурўҳи корӣ намояндагони Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 ҷиҳати омодагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ, дигар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста шудаанд, шомил буданд.

Дар доираи сафари мазкур гурўҳи корӣ таҳти роҳбарии Ширин Исматуллозода бо ҳамроҳии муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода аз ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Ишкошим, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ дидан кард.

Зимни боздид аз ин шаҳру ноҳияҳо як зумра масъалаҳо, аз ҷумла баргузории суҳбату вохӯриҳо бо мардум ва ҷалби онҳо бо корҳои ободонию созандагӣ,  омӯзиши ҳолати санитарию эпидемиологӣ, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, табобати беморон ва нақшаҳо дар самти бунёди беморхонаҳои сироятӣ, омодагии муассисаҳои соҳаи маориф ба соли нави хониш, таъминоти хонандагон бо либоси мактабӣ,  таъминнокии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо катҳои хоб, доруворӣ, таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ барои табибон, раванди хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, махсусан дар иншоотҳои бунёдшавандаи ҷашнӣ, инчунин  тайёрӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустии вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз ҷумла, гурўҳи корӣ аз маркази маъмурии вилоят — шаҳри Хоруғ дидан карда, аз корҳои ободонию созандагӣ дар як қатор иншооти ҷашнӣ, ки сохтмонашон бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дорад, шинос гардид.

Сохтмони бинои чорошёнаи филиали бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Хоруғ, ки дорои маҷлисгоҳ, шуъбаҳои алоҳида ва қисми амалиётиву ҳуҷраҳои махсусро дар пай дорад, яке аз иншооти ҷашнӣ ба ҳисоб меравад, ки дар он корҳои сохтмонӣ тибқи лоиҳа ҷараён доранд.

Дар ин ҷо маълумлот дода шуд, ки барои бунёди иншооти зикргардида 10 миллион сомонӣ равона гардида, бо ҷалби меъморони ботаҷриба қисми зиёди корҳо аллакай амалӣ шудаанд. Ҳоло қисмати зиёди корҳои сохтмонӣ дар бинои БДА «Амонатбонк» дар шаҳри Хоруғ бо ҷалби мутахассисони касбӣ идома ёфта, кормандони  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Парвиз 92» кўшиш доранд, ки корҳои бунёдиро бо сифати баланд ба итмом расонанд.

Муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ва ҳайати корӣ инчунин бо сохтмони Театри миллӣ дар шаҳри Хоруғ аз наздик шинос гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо дарназардошти талаботи бошандагони вилоят, алалхусус сокинони шаҳри Хоруғ, бо ҳидояти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди Театри миллӣ дар шаҳр ба нақша гирифта шуда, бо гузошта шудани санги асос соли 2015 бунёди он оғоз гардид, ки имрўз беист идома дорад.

Айни ҳол бо ҷалби устоҳои беҳтарини вилояти Суғд пардозгарию ороиши бино бо суръати баланд идома дошта, фармоишгари он Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Корҳои шикастурехти ин бинои азим ба уҳдаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бунёд» вогузор шуда, қариб 90 фоизи корҳои сохтмонӣ дар он ба сомон расидаанд ва корҳои пардозгарӣ ва гаҷкории дохил ва қисмати берунаи иншоот бо ҷалби меъморону рассомони ҷумҳурӣ идома доранд.

Ширин Исматуллозода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-уми шаҳри Хоруғ барои 640 ҷойи нишаст дар як баст шинос гардид. Зикр шуд, ки корҳои бунёдӣ дар бинои муассисаи таълимӣ бомаром ҷараён дошта, барои бунёди иншоот аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки аллакай 85 фисади корҳо дар бинои асосӣ ба итмом расидааст. Айни ҳол корҳои ороишӣ дар дохил ва беруни ин бинои сеошёна вусъати тоза пайдо карда, дар назар аст, ки дар рўзҳои ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Фармоишгари ин муассисаи таълимӣ Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, корҳои сохтмониро бинокорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шариф Ш.С» ба зимма доранд.

Гурӯҳи корӣ инчунин аз рафти табобат ва захираи маводи доруворӣ ва шароити буду боши маризон дар беморхонаи вилоятӣ шинос шуд. Зикр гардид, ки айни ҳол миқдори муайяни доруворӣ ва ниқобу дигар эҳтиёҷоти зарурии тиббӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон захира шуда, дар ин самт табибони вилоят мушкилоти ҷиддӣ надоранд.

Гурўҳи корӣ зимни боздид аз ин муассисаи тиббӣ аз анборхонаи захираи маводи дорувории он дидан карда, ба табибон изҳори сипосу минатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати заҳматҳои шабонарӯзиашон дар пешгирии бемории сироятии коронавируси нави «COVID-19» расонд.

Таъкид шуд, ки дар давраи пандемия дар беморхонаи вилоятӣ 1 ҳазору 63 нафар ба табобат фаро гирифта шуда, аз ин шумора 17 нафар бинобар сабаби доштани бемориҳои ҳамрадиф аз олам чашм пўшиданд.

Муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода аз беморхонаи тибби Оғохон низ боздид ба амал овард. Тазаккур дода шуд, ки дар рўзҳои душвор кормандони ин шифохонаи сатҳи байналмилалӣ дар қатори беморхонаи вилоятӣ ба муолиҷаи маризони «COVID-19» сару кор гирифта, аз 16 майи соли ҷорӣ то ба имрўз 116 беморони «COVID-19»-ро табобат карданд. Айни ҳол 7 нафар зери назорати табибони ин даргоҳ қарор доранд, ки рўзҳои наздик баъди пурра муолиҷа шудан аз беморхона ҷавоб хоҳанд ёфт.

Гурўҳи корӣ изҳори сипосу миннатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои муаззами миллатро ба ҳайати бисёрнафараи кормандони ин беморхонаи зебою замонавӣ расонид, ки дар рўзҳои мушкил худро дар канор нагирифта, баҳри дармону даво бахшидани маризони сироятӣ саҳми арзишманд гузоштанд.

Чунин вохўрию суҳбатҳои судманд ва зиндагисоз дар навоҳии вилоят ҳам баргузор шуда, зикр гардид, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ва ҷаҳду талошҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ ва шаҳраку деҳоти ноҳияҳои он бо маблағгузориҳои паёпайи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва шарикони рушд ободу зебо гардида, корҳои созандагию бунёдкорӣ дар маҳалҳо бомаром идома доранд. Бо қомат афрохтани иншооти хуштарҳу замонавӣ, тахту ҳамвор ва чароғон шудан марказҳои маъмурии вилоят ва ноҳияҳо симои худро комилан дигаргун карда, сатҳи зиндагии мардум тадриҷан боло рафта истодааст.

Дар рафти вохӯриҳо мушкилоту монеаҳои ҷойдошта низ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, ба масъулини соҳа баҳри бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Июль 7, 2020 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ