«ШОМЕ ДАР КИТОБХОНА». Зери ин ном ҳар ҳафта маҳфили ҷавонону наврасони боистеъдод доир мешавад

Июль 15, 2020 09:13

ДУШАНБЕ, 15.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Раёсати  кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе  «Маҳфили адибони ҷавони навқаламу эҷодкор»-ро таъсис додааст, ки ҳар ҳафта рӯзи сешанбе дар барномае таҳти унвони «Шоме дар китобхона»  бо ҷалби ҷавонону наврасони соҳибистеъдод, адибону навқаламони ҷавон ва ғолибону иштирокчиёни озумуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи донои китоб аст» баргузор  мешавад.  

Ба иттилои дастандаркорон, маҳфили мазкур бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳандозӣ гардидааст. Тавре зикр мешавад дар маҳфил масъулони соҳа дар бораи тартиби баргузорӣ ва иштирок дар озмун суҳбатҳо намуда, ба саволҳои иштирокчиён посух медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» миёни тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо),​ калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат) доир мегардад.

Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи феврал то декабри соли 2020, аз ҷумла:

— даври якум моҳи апрел дар муассисаҳои  таълимӣ, ташкилоту муассисаҳои деҳот ва шаҳрак;

— даври дуюм моҳи июн дар маркази ноҳия ва шаҳрҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе);

— даври сеюм нимаи дуюми моҳи сентябр дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;

— даври чорум – ҷумҳуриявӣ барои ғолибони даври сеюм то 10 декабр дар муассисаи давлатии  «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» гузаронида мешавад.

Озмун аз рӯйи панҷ номинатсия баргузор карда мешавад:

— адабиёти классикӣ;

— адабиёти муосир;

— адабиёти бачагона;

— адабиёти ҷаҳон;

— шоирӣ.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати амалӣ намудани Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 1 646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст. Шоҳҷоизаи асосии озмун 60 000 сомонӣ муайян шудааст.

Мақсади ташкил ва баргузор намудани чорабинӣ, ин баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат мебошад.

 

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР
АМИТ «Ховар»

Июль 15, 2020 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад