«СПИТАМЕН БОНК» ФОИЗИ ҚАРЗҲОРО КОҲИШ ДОД. Шарҳи Умедҷон Ҳикматов, муовини аввали сарвари бонк дар мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар»

Июль 3, 2020 18:08

ДУШАНБЕ, 03.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Оид ба пастшавии фоизи қарзҳо, дастовардҳои бонк ва чораҳои беҳтарсозии дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ дар айёми пандемияи COVID-19 муовини аввали Раиси Раёсати «Спитамен Бонк», Умедҷон ҲИКМАТОВ  дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» София ШОИК  ибрози назар намуд. 

АМИТ «Ховар»: Дар ин рӯзҳои мушкил, ки бинобар паҳншавии бемории коронавирус пеш омадаанд,  гирифтани қарз аз бонкҳо аз масоили барои аҳолӣ муҳим маҳсуб мегардад. Ҳамин тавр?  

Умедҷон Ҳикматов: Бале, дуруст аст, дар шароити имрӯза дастрасӣ ба захираҳои кредитӣ яке аз мавзӯъҳои  мубрами рӯз боқӣ мемонад. «Спитамен Бонк», дар навбати худ, ҳамчун бонки аз ҷиҳати иҷтимоӣ масъул, ҳамеша талош меварзад, ки  дар беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мизоҷон  ҳиссагузор бошад, махсусан дар ин шароити ғайримуқаррарӣ. Бо ин мақсад, аз аввали соли 2020  бонки мо  иқдоми, гуфтан мумкин  ба махсусияти фаъолияти худ  мувофиқро роҳандозӣ намуда, фоизи қарзҳоро коҳиш дод, ки аз ҷониби мизоҷон хуш пазируфта шуд.

АМИТ «Ховар»: Фоизи қарзҳо то чӣ андоза коҳиш ёфтааст?

Умедҷон Ҳикматов: Ҳадди ниҳоии пастравии фоизи ҳама намуди қарзҳо бо пули миллӣ 6%-и солонаро ташкил медиҳад. Меъёри нави ҳаддиақали иқдом 14% -и солона бо доллари ИМА ва 20% бо пули миллӣ мебошад.

АМИТ «Ховар»: Дар ҳоле, ки баъзе бонкҳо аз пешниҳоди қарз муваққатан даст кашиданд,  шумо, баръакс, на танҳо  ба  қарздиҳӣ идома мебахшед, балки иқдомҳои кредитиро бо фоизҳои ба ҳамагон дастрас эълон мекунед… Парадокс?

Умедҷон Ҳикматов: Не, ин ҷо ягон парадокс нест, зеро мо итминони қавӣ дорем, ки  вазифаи асосии дилхоҳ  бонки тиҷоратӣ — ин на танҳо ба даст овардани даромад, инчунин саҳмгузорӣ дар беҳбудӣ ва рушди ҷомеа, бахусус дар шароити барои аксарияти аҳолӣ мушкил мебошад. Аз ин рӯ, бонк қарор дод, ки меъёри фоизҳоро дар даврае, ки мизоҷон бештар аз пештар ба он ниёз доранд, паст кунад. Роҳбарияти бонк бар он бовар аст, ки иқдомҳои имрӯзааш сазовори боварии мизоҷон гардида, дар оянда метавонад самари неке ба бор оварад.

АМИТ «Ховар»: Дар омади гап, моҳи январи ҳамин сол  Агентии байналмилалии MicroFinanza Rating (MFR) рейиинги «Спитамен Бонк»-ро дар  раддашумории  «BBB-» бо пешгӯии устувор тасдиқ намуд. Лутфан дар бораи ин ба мо маълумоти бештар медодед.

Умедҷон Ҳикматов: Тавре ки маълум аст, рейтинги «BBB-»  шаҳодати пойдорӣ, эътимоднокӣ ва вазъи устувори молиявии бонк аст. Аммо, дар робита ба рӯйдодҳои охирини марбут ба бӯҳрон дар атрофи пандемия, Агентии MicroFinanza Rating маълумотҳои охирини молиявии бонкро аз нав таҳлил кард. Хушбахтона, ба туфайли стратегияи дурусти идоракунии хавфҳо, таҳияи саривақтии барномаҳои пешниҳоди имтиёзҳои қарзӣ ба мизоҷон ва албатта, самаранокии кори мутахассисон, «Спитамен Бонк» тавонист сифати дороиҳоро беҳтар карда, ба ин васила рейтинги худро бори дигар тасдиқ намояд. Ин тарзи баҳодиҳӣ на танҳо муваффақияти бонк аст, балки нишонаи эътирофи низоми бонкии Тоҷикистон дар миқёси байналмилалӣ  арзёбӣ мешавад.

АМИТ «Ховар»: Шумо имтиёзҳои қарзӣ гуфтаед. Бонк ба мизоҷоне, ки аз COVID-19 зарар дидаанд, чӣ имтиёзҳо пешниҳод менамояд?

Умедҷон Ҳикматов: «Спитамен Бонк» яке аз аввалинҳо шуда, бо пайдошавии  коронавирус ва хатарҳои ба он марбут, ба мизоҷони аз COVID-19 зарардида, имтиёзҳоро дар намуди рухсатии қарзӣ ба муддати то шаш моҳ пешкаш кард, ки ин бори дигар мавқеи «Спитамен Бонк»-ро ҳамчун бонки дар масъалаи иҷтимоӣ масъулиятнок мустаҳкам намуд.

АМИТ «Ховар»:   Таътилҳои қарзӣ ба киҳо  дастрасанд ва барои гирифтани он чӣ бояд кард?

Умедҷон Ҳикматов: Муддати имтиёзии пардохтҳо ҳам ба онҳое, ки бемории сироятии COVID-19-ро аз сар гузарониданд ва ҳам ба онҳое, ки маҷбур буданд карантинро риоя намоянд  ё аз сабаби пандемия ҷои кори худро аз даст додаанд, дода мешавад.

Барои гирифтани сабукиҳои пардохтӣ  мизоҷони аз пандемия хисоротдидаро мебояд ба филиалҳои «Спитамен Бонк» ба таври хаттӣ муроҷиат кунанд.

АМИТ «Ховар»: Боз як мушоҳидаи дигар: «Спитамен Бонк» шояд ягона бонк дар мамлакат аст, ки бо вуҷуди вазъи мураккаб мунтазам нуқтаҳои нави хизматрасонӣ мекушояд. Инро чӣ тавр шарҳ медиҳед?

Умедҷон Ҳикматов: Принсипи кори бонк ба доштани муносибатҳои дарозмуддат ва шарикӣ бо мизоҷон асос ёфтааст. Ҳадафи мо аз он иборат аст, ки ба мизоҷон наздик бошем ва аҳолии кишварро бо хизматрасониҳои босифат ва дастраси молиявӣ таъмин кунем. Ҳамин тариқ, аз аввали соли 2020  харитаи нуқтаҳои хизматрасонии «Спитамен Бонк» то ба 11 маркази хизматрасонӣ густариш ёфт ва ин ҳоло ҳадди охир нест. Илова ба ифтитоҳи марказҳои нави бонкӣ, «Спитамен Бонк» инчунин шабакаи банкоматии худро тавсеа медиҳад, ки дастрасии аҳолиро ба захираҳои молиявӣ боз ҳам  афзун менамояд.

 

Июль 3, 2020 18:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Исломобод Бизнес-форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Покистон баргузор шуд
Тақвият ва тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар бахши обу энергетика баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон созишномаи Низоми муосири идоракунии дороиҳои роҳ ба имзо расид
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1051 то 0.1070 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Академияи илмҳои кишоварзӣ масъалаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисос баррасӣ шуд
Дар Хатлон оид ба иҷрои дурнамои кишти зироати кишоварзӣ барои соли 2025 машварат баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресс ва намоиши байналмилалии «Саноати кӯҳии Узбекистон ва Осиёи Марказӣ» иштирок намуданд
Нақшаи «Стратегияи рушди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 -2028» муаррифӣ гардид
Лоиҳаи Кодекси энергетикии Тоҷикистон таҳия мешавад
Масъалаи ҳамкории бонкҳои Тоҷикистон бо «Машриқ Бонк» муҳокима гардид
Ҷаласаи якуми Шурои муштараки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ доир гардид
Дар Бонки миллӣ лоиҳаи пилотӣ оид ба барориши вомбаргҳо барои бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ муҳокима шуд