ТАВАҶҶУҲ, TOBAMOVIRUS! Чанд кишвари дунё хуруҷи вируси нави помидорро ба қайд гирифтаанд. Ин чӣ гуна вирус аст ва чӣ тавр зироатҳоро аз он ҳифз бояд кард?

Июль 9, 2020 14:45

ДУШАНБЕ, 09.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре  расонаҳои хориҷӣ хабар медиҳанд, Департаменти кишоварзии ИМА воридоти помидор ва қаламфурро аз чанд кишвари  хориҷӣ маҳдуд кардааст, ки ин ба  сирояти маҳсулот бо вируси нави ToBRFV аз гуруҳи bamovirus рабт дорад. Кишварҳои ҷаҳон талош бар он доранд, ки назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растаниро барои ин намудҳои  сабзавот пурзӯр намоянд. Зеро вируси нав  на танҳо ба растании полезӣ — помидор, балки ба дигар навъҳои  маҳсулот  ва меваҷот низ таъсир расонида, ҳосилнокиро кам мегардонад.  

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ дар ин мавзӯъ бо мутахассисони соҳа суҳбат намуд.

Ходими калони илмии Маркази илмии ҳифзи растаниҳои Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бурҳон Уроқов иброз дошт, ки растании помидор ба касалиҳои замбуруғӣ, бактериявӣ ва вирусӣ дучор мегардад. Омили асосии ба бемории вируси  TоBRFV дучор гардидани растании полезии помидор ҳашаротҳо, ба монанди ширча, сафедболак, тортакнакҳо ва ғайраҳо мебошанд. Зеро вируси мазкур агар дар як помидор пайдо гардад, таввасути ҳашаротҳо зуд паҳн мешавад.   Ҳамчунин вируси TоBRFV ба осонӣ тавасути асбобҳо, даст ва либоси инсон, тавассути хок аз растаниҳо ба растаниҳо мегузарад, зеро  он хеле тобовар аст. Ҳатто тавассути гардолудшавӣ аз занбӯри асал   паҳн мешавад.

Ба зикри олимони кишварҳои хориҷа, вирус ба ҳама намудҳои  растаниҳо, бактерияҳо ва ҳатто дигар вирусҳо низ сироят мекунанд.

«Нишонаҳои вирус дар помидор ин зард шудани рагҳои барг ва дар ҳосил пайдо шудани доғҳои зард, нуқтаҳои чиндори қаҳваранг, мазааш талх  ва паст гардидани ҳосилнокӣ мебошад.  Тағйирёбии мунтазами обу ҳаво ва намнокии зиёд барои пайдоишу инкишофи ин беморӣ барои растаниҳое, ки дар шароити гармхона парвариш карда мешаванд,  хеле мусоид мебошад.  Бинобар ин дар гармхонаҳо ҳарорати мӯътадилро нигоҳ доштан лозим аст. Яке аз усулҳои муҳофизати растаниҳо аз ҳашароти зараррасон ва бемориҳо – ин гузаронидани чораҳои пешгирикунанда мебошад. Ин тадбирҳо  аз интихоби ҷои дурусти гармхона, коркарди тухмиҳо пеш аз кишт ва истифодаи маводҳои минералӣ иборат мебошанд»,- илова кард  Бурҳон Уроқов.

Олимони соҳаи кишоварзӣ яке аз роҳҳои пешгирии вирусро  дар  нест кардани растаниҳои сироятшуда ва риояи чорабиниҳои қатъии безараргардонӣ барои кормандони гармхонаҳо, безараргардонии асбобҳо, шустани дастон ва пойафзол пеш аз ворид ва хориҷ шудан аз гармхонаҳо медонанд.

Ходими калони илмии Маркази илмии ҳифзи растаниҳои Академияи илмҳи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бурҳон Уроқов барои пешгирӣ ва бартараф кардани вирус ҳамзамон чунин тавсия медиҳад:

— дар як замин паи ҳам се сол кишти помидоро ба роҳ мондан лозим нест, бояд замин киштгардон шавад;

— дар сурати сироят ёфтани ин ё он растанӣ он ва дигар растаниҳои атрофашро бояд нест намуд;

— аз нуриҳои минералӣ истифода бояд бурд;

— тухмӣ бо истифодаи марганисоф (перманганат ё намаки  калий) бояд безарар гардонида шавад.

Агар маҳсулот ба вируси мазкур мубтало гардида бошад, дар ҳолати нашъунамо 70 фоизи ҳосили  он  нобуд мешавад

Ба хулосаи олимони кишварҳои хориҷа, TоBRFV ба воситаи тухмиҳо интиқол дода намешавад, аммо олимон  ба  ин ҳолат низ кафолат намедиҳанд. Вируси помидор хеле  ҷонсахт аст ва метавонад муддати тӯлонӣ ҳатто бе растанӣ дар анборҳои нигоҳдории маҳсулот, дар таркиби хок ё дигар ашё муддати дуру дароз боқӣ бимонад. Аз ин рӯ, безараргардонии пурраи таҷҳизот ва киштгардон тавсия дода мешавад.

Профессори итолиёвӣ Уолтер Давино дар ВАО чунин изҳори назар кардааст: «Ин вирус хеле хатарнок аст, зеро он бо чанд роҳ паҳн  мешавад. Дар робита байни ҳар як гармхона ва кормандон эҳтиёткор будан муҳим аст. Далелҳо мавҷуданд, ки вирус метавонад тавассути тухмиҳо низ гузарад».

Аз TоBRFV ягон зарар ба  саломатии инсон маълум нест. Он бештар ба растаниҳо таъсир мерасонад.

Мудири кафедраи вирусологияи Донишгоҳи давлатии Москва таъкид кардааст, ки вирусҳои растанӣ барои инсон комилан бехатаранд.

Тавре мудири озмоишгоҳи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илҳои миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев зикр намуд,  «вируси нав TоBRFV ба инсон хеҷ таъсири манфӣ  намерасонад. Барои ин набояд дар ҳарос буд. Он танҳо ба  растаниҳо  сироят  мекунад. Ин вирусҳо метавонанд ба растаниҳои солим ҳангоми афтидан ворид шаванд. Тухми маҳсулоти  сироятёфта  аксар вақт метавонад ҳамчун  манбаи  вирус хизмат кунад».

Ба андешаи Бурҳон Уроқов, ҳарчанд ин вирус ба дигар растанӣ таъсир расонад, дар хок, ашёҳо ва либос боқӣ монад ҳам, аммо дар меваи помидор ҳангоми омода намудани маҳсулоти  консерва тақрибан нест мегардад. Яъне дар ҳолати ҷӯшонидан  дар оташи баланд он нобуд мегардад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ҳолатҳои фавқуззикр Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ(зерсохтори Кумитаи амнияти озуқавории назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон)  назорат мебаранд ва тадбирҳо меандешад.

Ба гуфтаи мудири бахши иттилоот ва робита бо ҷомеаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Забирзода, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи карантини растанӣ»  26 марти соли 2009 қабул гардидааст. Тибқи Қонуни мазкур  назорат аз болои маҳсулоти хӯрока  ба роҳ монда шудааст. Яъне принсипҳои таснифи организмҳои зараррасони карантинӣ ва ташхиси хатари фитосанитариро мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ муқаррар намуда, сертификати фитосанитарӣ медиҳад.

Мавсуф зикр намуд,  ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон – ин таъмини амнияти озуқавории мамлакат ба шумор меравад. Яке аз шартҳои асосии ноил шудан ба ҳадафи мазкур  таъмини бехатарии озуқаворӣ мебошад. Вобаста ба ин Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ дар доираи ваколатҳои худ сиёсати ягонаи давлатиро дар самти таъмини бехатарии озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ амалӣ намуда, вазифадор аст, ки иҷрои  талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва «Дар бораи назорати фитосанитарӣ ва карантини растанӣ»-ро амалӣ созад.

Ёдовар мешавем, ки   аввалин маротиба вируси TоBRFV соли 2014 дар Исроил кашф шуда,  як сол пас дар Урдун пайдо гардид. Ҳоло бошад, дар Аврупо, Шарқи Наздик, Амрикои Шимолӣ (аз ҷумла Калифорния)  ва Хитой паҳн гаштааст. Вирус  босуръат паҳн шуда,  ҳам истеъмолкунандагон ва ҳам истеҳсолкунандагони помидорро дар саросари ҷаҳон нигарон кардааст.

Помидор, тавре маълум аст, яке аз навъҳои растанӣ полезӣ буда, ҳамчуни маҳсулоти хӯрокворӣ,  сервитамин ва фоидаовар дар таом ва хӯришҳо васеъ истифода бурда  мешавад. Он  дар соҳаи кишоварзӣ яке аз маҳсулоти аз ҳама беш содироту воридотшаванда ва серхаридор  маҳсуб меёбад.

Июль 9, 2020 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион тонна ангишт истихроҷ гардидааст
Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон вазъи бозори дохилии асъор ва сиёсати қурбиро шарҳ дод
Раёсат дар Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 ба ҷониби Тоҷикистон гузашт
Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ: «Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ба мамлакат дар зинаи сеюм қарор гирифт»
Аз шаҳри Душанбе ба самти Давҳа парвозҳо оғоз гардиданд
Дар Душанбе нишасти нуздаҳуми Шурои роҳбарикунандаи СПЕКА баргузор гардид
Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Кумитаи рушди содироти Арабистони Саудӣ оид ба рушди содироти ғайринафтӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба ташкили бозори минтақавии неруи барқи мамлакатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Сулаймон Султонзода дар Нишасти дуюми вазирони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Имсол аз Тоҷикистон беш аз ҳазор тонна хуч ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст
Дар Риёз ҷаласаи чоруми Кумитаи муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ доир гардид