«Тоҷикфилм» дар ним соли гузашта 17 филм ба навор гирифт

Июль 23, 2020 19:00

ДУШАНБЕ, 23.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар нимсолаи аввали соли 2020 17 филм, аз ҷумла се филми ҳунарии пурра, се филми бадеии кутоҳ, 10 филми мустанад ва як филми тасвириро омода намуд. Дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ таҳия ва наворбардории ду филми ҳунарии пурра ва се филми мустанадро ба нақша гирифтааст. Ин нукта дирӯз зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён тазаккур дода шуд.

Зимни нишаст, ки бо иштироки роҳбарият ва масъулини Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва доираи васеи хабарнигорон баргузор гардид, Маҳмадсаид Шоҳиён ба хабарнигорон доир ба фаъолияти шашмоҳаи  муассиса   маълумоти муфассал дода, иброз намуд, ки сарфи назар аз мушкилоти пешомада вобаста ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кино корҳои назаррас ба анҷом расиданд.

Дар ин давра 10 филми мустанад дар мавзӯъҳои гуногун рӯйи навор омада, таҳияи филми мазҳакавии «Автобус» пурра ба анҷом расид.

Филми мустанади «Хиёнат»-и коргардон Малик Туразода, ки мушовир Мирзо Убайд, муаллиф Раҳмат Темуриён, наворбардор Шукрулло Қаҳҳоров, муҳаррир Нурулло Салимзода, ёвари наворбардор Суҳроб Салимзода, ёвари коргардон Муҳсин Қосимзода, ровӣ Манучеҳр Ализода ва директор Илёс Маҳмудзода мебошанд, дар се қисм  бо давомнокии 210 дақиқа рӯйи кор омад, ки бо далелу арқоми қатъӣ дар бораи хоинии  душманони миллат ҳикоят мекунад. Филм тариқи тамоми шабакаҳои телевизионӣ ва интернетӣ намоиш дода шуда, миёни ҷомеа ҳамовозию ҷонибдорӣ пайдо намуд.

Ибтидои соли равон, нахустнамоиши филми ҳунарии «Роҳ»-и коргардон Носир Саидов дар толори «Кохи Наврӯз» бо иштироки доираи васеи алоқамандони синамои ватанӣ бомуваффақият доир карда шуд.

Филми ҳунарии «Бачаи обӣ» дар ҷараёни банду басти садо ва мусиқӣ қарор дошта, нахустнамоиши он рӯзи 16 октябр бахшида ба 90-солагии «Тоҷикфилм» ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон аз ҷониби Раёсати муассиса дар вилояти Суғд таҳияи филми ҳунарии кутоҳи «Чорроҳа» пурра ба анҷом расида, наворбардории филми бадеии кутоҳи «Моҳича» оғоз карда шуд.

Дар нимсолаи дуюми соли равон наворбардории филми ҳунарии «Моҷарои зиндагӣ» аз  рӯи асари  нависандаи Халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоев  ба нақша гирифта шудааст.

Муассиса бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кӯдакони синни томактабӣ таҳияи 20 қисми филми аниматсионии «Алифбо»-ро ба анҷом расонид.

Дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳудуди муассиса корҳои ободонӣ идома дошта,  китобхонаи замонавии муассиса, толор барои ҷаласаҳо ва толори қабули меҳмонон ба истифода дода шуданд.

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар нимсолаи аввали соли 2020 се филми ҳунарии пурра, се филми бадеии кутоҳ, 10 филми мустанад ва як филми тасвириро омода намуд. Дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ таҳия ва наворбардории ду филми ҳунарии пурра ва се филми мустанадро ба нақша гирифтааст.

Маҳмадсаид Шоҳиён  ва дигар масъулини Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба саволҳои сершумори хабарнигорон посухҳои мушаххас дода, доир ба нақшаву ниятҳо дар шашмоҳаи оянда ва ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд.

Июль 23, 2020 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст