Вазорати мудофиаи Россия 8 тонна таҷҳизотро барои мактабҳои россиягӣ дар Тоҷикистон интиқол дод

Июль 28, 2020 12:23

ДУШАНБЕ, 28.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати мудофиаи Россия интиқоли тақрибан 8 тонна таҷҳизот ва амволи заруриро барои таъминоти ғизоии хонандагони синфҳои ибтидоии  мактабҳои россиягӣ дар Тоҷикистон таъмин намуд. Ба иттилои ТАСС, дар ин бора рӯзи сешанбе хадамоти матбуоти Округи ҳарбии марказӣ (ОҲМ) хабар додааст.

«Тақрибан 8 тонна таҷҳизот ва амвол ҷиҳати  таъмини хӯроки ройгон барои хонандагони синфҳои 1-4 – и мактабҳои Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия дар Тоҷикистон оварда шуд», — омадааст дар хабар.

“Зикр шудааст, ки таҷҳизоти мазкур барои ошхонаҳои мактабҳои №4 ва №6, воқеъ дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар таъйин шудааст. Тибқи иттилои хадамоти матбуот, низомиёни Россия зарфҳои ошхона, плитаҳои барқӣ, дегҳо, товаҳо, яхдонҳо, инчунин пароконвектоматҳо — таҷҳизоти касбии гармкунанда, ки таҳияи ҳама намуди хӯрокро дар муддати кӯтоҳ таъмин мекунад,  овардаанд.

ОҲМ хабар медиҳад, ки тибқи нақша то 1 сентябри соли 2020 мактабҳои россиягии Вазорати мудофиаи Россия дар Тоҷикистон бояд беш аз 500 хонандаи синфҳои ибтидоиро бо хӯроки гарм таъмин кунанд.

                                     АКС: tj.sputniknews.ru

Июль 28, 2020 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид