COVID-19. Дар Тоҷикистон 83,5%-и гирифторони коронавирус шифо ёфтанд

Июль 31, 2020 19:53

ДУШАНБЕ, 31.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 43 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 31 июл ба 7409 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 6193 нафар ё худ 83,5%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 60 нафар фавтидаанд.

«Шабонарӯзи охир 93 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 42 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуданд аз маркази матбуоти вазорат.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Июль 31, 2020 19:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН-МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ. Сафари давлатии таърихӣ бо тадбирҳои бузург дар роҳи таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ ва минтақавӣ
Ба қабули Эъломияи муштарак байни Тоҷикистон ва Чин оид ба барқарории муносибатҳои шарикии стратегӣ 10 сол пур мешавад
Муносибатҳои наздик ва дӯстонаи Тоҷикистон ва Чин гарави бунёдии рушди фаъоли ҳамкорӣ мебошад
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН: ДАР МАСИРИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ. Андешаҳои директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо дар ин маврид
АБАРМАРД. Аксари роҳбарони сиёсии дунё, аз ҷумла сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро чун шахсияти барҷастаи сиёсӣ ва ходими давлатӣ эътироф намудаанд
Дар «Боғи Ғалаба»-и пойтахт ба ифтихори 78-солагии Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 маросими гулчанбаргузорӣ доир шуд
ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Сомонаҳои расмии баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон аз дастовардҳо иттилоъ медиҳанд ва ё аз қафомондагӣ?
МУШКИЛИ ОБ ВА ИҚДОМҲОИ БАШАРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Гармшавии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо инсониятро ба изтироб овардааст
Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Сарвари давлат: «Ба кишти картошка, лӯбиёгиҳо, сабзавот ва масъалаи захираи маҳсулот барои фасли тирамоҳу зимистон эътибори ҷиддӣ дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Дар шароити бисёр вазнини имрӯза роҳ додан ба бекор мондани замин гуноҳ дорад ва ҳатто ҷиноят аст»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба сарфаю сариштакорӣ ва роҳ надодан ба зоҳирпарастию исрофкорӣ даъват намуданд