Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 фоиз зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 03.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 9393,8 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 фоиз зиёд аст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Вазир ҳамчунин зикр кард, ки афзоиш дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ мутаносибан 8,5 ва 7,5 фоизро ташкил кард. Тибқи маълумоти оморӣ, майдони умумии кишти зироат 857 ҳазор гектарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 фоиз зиёд мебошад.
Бо мақсади самаранок ва оқилона истифода бурдани замин дар 61 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 ҳазор гектар зиёд аст.
«Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти асосии кишоварзӣ афзуда бошад ҳам, вале истеҳсоли картошка 22,2 (116,3 дар ҳамин давраи соли гузашта) коҳиш ёфт. Дар ин давра дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 2,1 ҳазор гектар боғ ва 389 гектар токзор бунёд гардидааст, ки бунёди боғ 86 фоиз ва токзор 86 фоизи дурнамои пешбинигардидаро ташкил медиҳад», — илова намуд Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода.
Дар нишаст инчунин гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷумҳурӣ 96,4 ҳазор тонна бо арзиши 12,7 млн. доллар меваю сабзавот содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,2 ҳазор тонна ва арзиши содиротии маҳсулоти кишоварзӣ 3,8 млн. доллар зиёд гардидааст.
Аз ҷумла, содироти пиёз дар ин давра 77,6 ҳазор тонна бо арзиши 6,6 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,3 ҳазор тонна ё 3,1 млн. доллар афзоиш ёфтааст.
Содироти хушкмева дар давраи ҳисоботӣ 9,0 ҳазор тоннаро бо арзиши 3,6 млн. доллар ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 ҳазор тонна ва ифодаи арзиши он 1,1 млн. доллар зиёд гардид.








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






