ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ишкошим барои хизматчиёни давлатӣ бинои истиқоматӣ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 16.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар арафаи 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави истиқоматӣ, ки аз 24 ҳуҷра иборат аст, ба истифода дода мешавад. Дар ин бора аз бахши таҳлилӣ-иттилоотии дастгоҳи раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бинои мазкур барои кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони соҳаи иҷтимоӣ ҷудо гардида, бо маблағи 11 миллиону 774 ҳазор сомонӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда истодааст.
Хонаҳои истиқоматӣ бо тарҳи замонавӣ ва тамоми таҷҳизоти зарурии рӯзгор сохта шуда, фармоишгари сохтмони мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мавриди зикр аст, ки Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон сарпарасти соҳаи иқтисодӣ-иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Насрулло Маҳмудзода зимни сафари кории хеш дар вилоят ҳамроҳ бо муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Умедҷон Носирзода аз иншооти ҷашнии ноҳияи Ишкошим дидан намуд.








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад






