ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Маркази шаҳри Исфара чароғон мегардад
ДУШАНБЕ, 31.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи «Соли равшаннамоӣ ва чароғонкунӣ» дар шаҳри Исфара барои муҳайё намудани шароити мусоид ҷиҳати сайру гашт ва фароғати сокинон корҳои сохтмонӣ ва чароғонкунии маркази шаҳр оғоз гардидаанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Исфара ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати чароғонкунии ороишии боғҳои фарҳангию фароғатӣ, мавзеъҳои ёдгориҳои таърихӣ, роҳҳои нақлиётии дохилишаҳрӣ, равшаннамоии намои берунии биноҳои маъмурӣ, тиҷоратию хизматрасонӣ ва истгоҳҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои харидану дастрас намудани 138 адад чароғҳои ба талабот ҷавобгӯй маблағи зарурӣ ҷудо гардидааст.
Ҳамчунин бо ташаббуси фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои ободкоронаи «1300 рӯзи меҳнати зарбдор» корҳои сохтмони бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб идома доранд.
Тарҳи сохтмони иншоот аз ҷониби Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашиву ҷустуҷӯии САНИИОСП» омода шудааст. Иншоот аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, сохтмони он бо саҳми фаъолони ташаббускору саховатпешаи ҳизб аз ҷониби бинокорони ҶДММ «Ширкати сохтмонии Исфара» анҷом дода мешавад.








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






