Ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор бо Бонки миллии Тоҷикистон музокироти фосилавӣ оғоз намуд

Август 20, 2020 09:29

ДУШАНБЕ, 20.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Музокироти навбатии намояндагии вертуалии ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) бо Бонки миллии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар доираи музокирот мулоқоти фосилавиро муовини аввали Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати намояндагии ХБА таҳти роҳбарии хонум Падамжа Ханделвал оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллӣ иттилоъ доданд.

Ҷамолиддин Нуралиев қабл аз ҳама ба ҳайати ХБА барои дастгирӣ ва кумаки саривақтии молиявӣ дар мубориза бо пандемияи COVID-19 ва пешгирии таъсири манфии он ба иқтисодиёти Тоҷикистон изҳори сипос намуда, омодагиро барои ҳамкории судманд ва татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ  иброз намуд.

Зимни мулоқот бо ҳайати ХБА, ки ба таври фосилавӣ сурат гирифт, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҳайати ХБА-ро бо шарҳи мухтасари вазъи имрӯзаи макроиқтисодӣ ва низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъсири пандемияи COVID-19 ба бахши молиявӣ ва тадбирҳои андешидаи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба бартараф намудани таъсири манфии COVID-19 ба иқтисодиёт, татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ ва низоми пардохт, механизми идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ, вазъи тавозуни савдо бо кишварҳои асосии шарикони тиҷорат ва таъсири он ба қурби самараноки воқеии пули миллӣ, бахши истихроҷи тилло, интиқоли маблағҳо, фишорҳои бозорӣ, нақшаи таҷдиди сармоя ва пардохтпазирӣ ва ислоҳоти пешниҳодшаванда дар доираи Барномаи механизми васеи қарздиҳӣ, ки дар назар аст, шинос намуд.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон зикр кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон  бо мақсади пешгирӣ аз таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти мамлакат Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолии бемории сироятии COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ, низомҳои бонкӣ ва суғуртаи мамлакатро таҳия намуд ва дар доираи он як зумра тадбирҳоро амалӣ намуд. Аз ҷумла, ҷиҳати дастгирии иқтисодиёти мамлакат Кумитаи монетарии Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳҳои май-июли соли 2020 меъёри бозтамвилро ду маротиба таҷдиди назар карда, аз 3 августи соли 2020 онро дар сатҳи 10,75 фоизи солона муқаррар намуд.

-Ҳамзамон бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва дастгирии пардохтпазирии ташкилоти қарзии молиявӣ, меъёри захираҳои ҳатмии ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд, аз 1 апрели соли 2020 бо пули миллӣ аз 3 фоизи амалкунанда ба 1 фоиз (2 банди фоизӣ) ва бо асъори хориҷӣ аз 9 фоизи амалкунанда ба 5 фоиз (4 банди фоизӣ) паст карда шуд. Иқдоми мазкур имкониятҳои молиявии ташкилоти қарзии молиявиро дар давраи буҳронӣ беҳтар намуда, ба маблағи 241,7 млн.сомонӣ пардохтпазирии иловагиро барои низоми бонкӣ пешниҳод намуд, — таъкид намуд Ҷ.Нуралиев.

Зимни музокира аз ҷониби иштирокдорон оид ба таъсири омилҳои беруна ба вазъи бозори дохилии асъор, баста шудани сарҳадҳо, иқтидори содиротии мамлакат ва вобастагӣ аз воридот, сатҳи таваррум, идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва сатҳи осебпазирии иқтисодиёти миллӣ  аз пандемияи COVID-19 мубодилаи назар карда шуд.

Роҳбари ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон хонум Падамжа Ханделвал ба сиёсати пешгирифтаи Бонки миллии Тоҷикистон дар самти кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавируси COVID-19 ба низоми бонкӣ ва ислоҳоти татбиқнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ин самт баҳои мусбат дода, ҷиҳати таъмини суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати самараноки пулию қарзӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ якчанд тавсияҳои дахлдор пешниҳод намуд.

Ҷамолиддин Нуралиев  барои ҳамкорӣ дар сатҳи нав, татбиқи барномаи нави ХБА-ро дар доираи Механизми васеи қарздиҳӣ  мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд. «Мо барои татбиқи ислоҳоти нав ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла соҳаи низоми бонкӣ, бахши суғурта ва бахши сиёсати монетарӣ омодагии ҳамаҷонибаи худро арз медорем»,-гуфт дар интиҳо муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев.

Музокироти ҳайати намояндагии ХБА бо БМТ то 3 сентябри соли равон идома хоҳад ёфт.

Август 20, 2020 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи Бонки Осиёии рушд ба иқтисоди Тоҷикистон муҳокима гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар самти рушди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ густариш меёбад
Масоили коркарди дубора ва ивази мавод барои кам кардани хатари партовҳои пластикӣ баррасӣ гардид
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон оид ба андозаи нави ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ маълумот медиҳад
Дурнамои ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Эрон муҳокима гардид
Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар шаҳри Пензаи Федератсияи Русия талабгори зиёд пайдо намудаанд
Дар Душанбе масъалаҳои марбут ба ҷалби сармояи мустақими Эрон ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1000 то 11.1853 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон ва Эрон дар самти густариши ҳамкории саноатӣ ва тиҷоратӣ ба мувофиқа расиданд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ масъалаи пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ баррасӣ шуд
Ҷаласаи муштараки гурӯҳи корӣ ва муколамаи миллии сиёсӣ оид ба идоракунии захираҳои об баргузор гардид