ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ: 3 август Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии содирот ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ доир мекунанд

Август 3, 2020 08:17

ДУШАНБЕ, 03.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 3 август оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шаш  моҳи аввали  соли 2020 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ мегузаронанд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо соати 08:30 дар вазорати мазкур, Агентии содирот соати 10:00 дар ҳамин Агентӣ  (кӯчаи Мирзо Турсунзода, 23), Вазорати корҳои дохилӣ соати 11:00 дар толори ин вазорат нишасти матбуотӣ мегузаронанд.

Маркази миллии тестӣ соати 15:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотӣ доир менамояд.

Бо назардошти аз байн нарафтани хавфи мубталошавӣ ба коронавирус ба диққати масъулин ва иштирокчиёни нишастҳои матбуотӣ расонида мешавад, ки талаботи беҳдоштии муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19-ро қатъиян риоя намоянд.

Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2020 аз 13 июл оғоз гардида, 03 август ҷамъбаст мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011  гузаронида мешаванд.

Август 3, 2020 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад