«Ҷанбаҳои гендерӣ дар фаъолияти соҳа»-таҳти чунин унвон барои литсейҳои касбии техникӣ ҳамоиш баргузор гардид

Август 24, 2020 15:45

ДУШАНБЕ, 24.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҷанбаҳои гендерӣ дар фаъолияти соҳа» барои аъзои Кумитаи машваратии соҳавии назди  муассисаҳои таълимии литсейҳои  касбии техникии шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни баргузории машварат мутахассисони Гурӯҳи идоракунии лоиҳа,  коршиносон, намояндагони Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолони вазорат, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар  вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ва дар маҷмӯъ, 140 нафар ширкат намуданд, ки 57 нафарашон занон буданд.

Зимни машварат татбиқи сиёсати гендерӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи занон дар бозори меҳнати мамлакат ва нақши онҳо дар рушди иқтисоди оила, методологияи таълим дар асоси салоҳият, нақши Кумитаи машваратии соҳавӣ дар таҳкими системаи лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш»  ва механизми дарёфти роҳҳои тавонмандсозии  Кумитаи машваратии соҳавӣ баррасӣ гардид.

Ҳадафҳои асосии Лоиҳа- ворид намудани навоварӣ дар методологияи омодасозии мутахассисон барои истеҳсолоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамчунин Лоиҳа барои мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ-теникӣ ва барқарорсозии инфрасохторҳои литсейҳои касбии техникӣ ва марказҳои таълими калонсолони Тоҷикистон, дастрасии баробар ба барномаҳои таълимӣ ва тақвияти идоракунию роҳбарӣ дар системаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ-техникии  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин восита, омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мусоидат менамояд.

Август 24, 2020 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд