Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев, ки роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст овардаанд, бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 10.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи варзишгарон Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ду варзишгарро — аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоевро, ки роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст овардаанд, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 7250 сомонӣ қадрдонӣ кард. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Бахшида ба Рӯзи варзишгарон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати «Tcell» чорабинии асосӣ дар спортбари «Истиқлол» доир шуд. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода собиқадорони соҳаи варзиш ва варзишгаронро бо иди касбиашон табрик намуда, аз ҷумла гуфт, «соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, дар баробари ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстии миёни инсонҳо ва кишварҳои ҷаҳон аст. Дар рушду нумӯи ҳар давлат соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш муҳим буда, фаъолият дар ин соҳа далериву мардонагӣ, ҳушёриву зиракӣ, покиву озодагӣ ва садоқатмандӣ ба миллату ватанро тақозо менамояд».
Ҳамчунин, ба муносибати Рӯзи варзишгарон як қатор кормандони соҳа, варзишгарон, Федератсияҳои варзишӣ бо сипоснома ва унвонҳои варзишӣ қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла, кормандони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон – котиби генералӣ Абдуллозода Муҳаммадшоҳ, директори генералӣ Латипов Эркин, Чориева Мавзуна, Исматуллозода Ҷамолиддин, Ҳакимова Шукрона, Бозорова Зиннат, Айниддинзода Баҳриддин, Умаралӣ Сафаралӣ, Одиназода Исмоил ва Фақирова Мунира бо сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сарфароз гардиданд.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки мардуми мо ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим майлу рағбати зиёд доштанд. Гузаштагони мо барои беҳдошти саломативу нерӯи ҷисмонӣ ва ҳамеша омода будан ба дифои марзу бум ва мардуми хеш усулҳои гуногуни варзиш, амсоли давидану ҷаҳидан, найзапартоиву шамшерзанӣ, гурзпартоиву камонварӣ, аспдавонию чавгонбозӣ, гӯштину шиноварӣ ва дигар намудҳои варзишро инкишоф медоданд.
«Солҳои охир варзишгарони кишварамон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пайваста иштирок намуда, нуфузу эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд бардошта, Тоҷикистони озодро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Имрӯз тамоми мардуми кишвар аз пирӯзиву комёбиҳои варзишгарону паҳлавонон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла медалҳои олимпӣ ва дигар мукофоту дастовардҳои назарраси онҳо ифтихор доранд, — афзуд А. Раҳмонзода.
Боиси тазаккур аст, ки таблиғи тарзи ҳаёти солим, роҳандозии тадбирҳои мақсадноку пайваста баҳри машғул шудани наврасону ҷавонон ба варзиши касбӣ ва ба ин хотир муҳайё намудани шароитҳои созгори инфрасохторию ташкилӣ барои варзишгарон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хирадмандона ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз, ғамхориҳои варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат боиси устуворгардии базаи моддию техникӣ, оммавигардонии варзиш ва омода намудани варзишгарони касбии сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ гардид. Расман ифтитоҳ гардидани Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе туҳфаи беназир барои варзишгарон ва мо масъулини соҳа маҳсуб меёбад, зеро чунин шароитҳо барои омода намудани варзишгарони касбӣ ва ташкилу баргузор намудани мусобиқаҳои бонуфузи сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки варзишгарон пайваста аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ қадрдонӣ мешаванд. Аз ҷумла, соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис ёфт, ки то соли 2019 ин ҷоиза ба 165 варзишгар ва мураббиёни онҳо дар ҳаҷми умумии 3 792 500 сомонӣ тақдим карда шудааст.








Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад






