Бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ сокинони деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ашт соҳиби чоҳи амудӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 30.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ сокинони деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ашт барои таъмин бо оби нӯшокии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва оби полезӣ барои заминҳои наздиҳавлигӣ чоҳи амудӣ ба истифода доданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти дастгоҳи Раиси ноҳияи Ашт иттилоъ медиҳад.
Барои сокинони деҳаи мазкур таъмини оби тозаи нӯшокӣ яке аз мушкилиҳои асосӣ ба шумор мерафт, ки ба истифода додани чоҳи амудӣ ин мушкилро пурра бартараф намуд.
Арзиши лоиҳавии чоҳи амудӣ 300 ҳазор сомонӣ буда, аз ҷониби соҳибкорону саховатпешагони деҳа маблағузорӣ гардид. Дарозии чоҳи амудӣ 110 метрро фаро гирифта, тавононии он дар як соат 80 м3 обро ташкил медиҳад. Баробари мавриди истифода қарор гирифтани ин чоҳи амудӣ 233 хоҷагӣ ва беш аз 1163 нафар аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд.
Об дар тараққиёти инсоният нақши муҳим бозида, сарчашмаи ҳаёт ва омили рушди устувор ба ҳисоб меравад.
Аз ин рӯ иқдомҳои судманд дар таъмини оби тозаи ошомиданӣ ба сокинон ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта идомаи татбиқи ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва дигар тадбирҳои шоистаи сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иқлим мебошад, ки имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пуштибонӣ ёфтааст.
Дар акс чоҳи обтаъминкунӣ дар Хуҷанд. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






