БОЗ АХТАРЕ МОРО ТАРК ГУФТ. Овозхони маъруф Ҷамшед Исмоилов аз дунё гузашт
ДУШАНБЕ, 16.08.2020/АМИТ «Ховар»/. Боз як ахтари тобон моро тарк гуфт. Ҷамшед Исмоилов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, собиқ муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ директори генералии Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодӣ ва консертӣ, дӯсти дерин ва вафодори радиои “FM Ховар” имрӯз вафот кард.
Марҳум аз диабети қанд азият мекашид. Ӯ дар беморхонаи “Истиқлол” бистарӣ шуда буд ва имрӯз тақрибан соати 10-и субҳ даргузашт. Ду ҳафта пас ӯ 64-сола мешуд.
Дарвоқеъ, ӯ ситораи дурахшоне дар замин, дар байнамон ва ҳамроҳамон буд, ки моро тарк гуфт ва ба осмонҳо рафт ва бидурахшид. Боз бештар равшантар аз пештар.
Ҷамшед Исмоилов 30 августи соли 1956 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна, соли 1973 ба Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода дар шаҳри Душанбе дохил шудааст.
Исмоилов ҳамчунин соҳиби маълумоти дуюм — филолог буд, ки ин ихтисосро дар ДПТ гирифтааст.
Ӯ дар кумитаҳои комсомолии шаҳрҳои Кӯлоб ва Душанбе кор кардааст. Дар оғози солҳои 90-ум муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон буд.

ДАР АКС: ду сол қабл, дар арафаи Рӯзи Истиқлолият, Ҷамшед Исмоилов бо Фармони Президенти ҶТ бо унвони «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон” сарфароз гардид.
Ҷамшел Исмоилов аз худ сурудҳои ҷовидона ба мерос мондааст.
Яке аз аввалин сурудҳое, ки ба ӯ дар ҷавонӣ шӯҳрат бахшид, суруди «Аз зери чодарат» буд. Ин суруд то ҳол дар байни сокинони Тоҷикистон маъруф мебошад. Суруди дигари машҳури ӯ «Модари ман» аст, ки дар YouTube тақрибан як миллион тамошобин пайдо кардааст! Боз як суруди ӯро, ки ба дастаи машҳури футболи «Помир» бахшида шудааст ва он як навъ гимни мухлисони футболи кишвар шудааст, наметавон зикр накард.
Ҳунарманд оиладор ва соҳиби чор фарзанд буд: ду писар, ду духтар ва чор набера, ки онҳоро хеле дӯст медошт…
АМИТ «Ховар» ба ҳамаи наздикону пайвандони марҳум таслият изҳор медорад. Мо мутмаинем, ки сурудҳо, хотира ва овози ӯ умрбод бо мо хоҳанд буд. Чунин инсонҳо ҷовидона дар ёдҳо хоҳанд монд.








ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад






