Чӣ гуна истеъдодҳо бояд дар «Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» кашф шаванд? Андешаҳои Рустам Ваҳҳобзода дар барномаи «Адиб ва замон» аз Радиои «Ховар»

Август 5, 2020 16:30

ДУШАНБЕ, 05.08.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Яке аз камбудиҳои бисёр ҷиддие, ки сабаби сукуту суқути фаъолиятҳои ҳунарӣ, мусиқӣ, сарояндагӣ ва овозхонии мост, фосилаи байни адабиёт ва ҳунар мебошад. Он касе, ки ба фаъолияти мусиқӣ, овозхонӣ, хусусан сарояндагӣ машғул мешавад, бояд дар назар дошта бошад, ки аслу асоси кори ӯ матни адабӣ аст. Ҳамаи кори мусиқӣ дар асоси  матн сурат мегирад, чунки сухан дар радифи аввал меистад. Вақте ки матни суруд барҷаста нест, мусиқӣ хуб интихоб нашудааст, онро ҳар қадар агар бо овози хушу садои форам ҳам хонед, асло асари хубе пайдо намешавад. Мутаассифона, имрӯзҳо саводи адабии хеле аз сарояндагон, хусусан ҳаваскороне, ки дар ин замина мехоҳанд кор кунанд,  бисёр дар сатҳи поён аст. Дар ин радиф онҳоро зарур аст, ки фаъолияти худро такмил диҳанд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» имконияти хубест барои дарёфти истеъдодҳои нав. Танҳо зарур аст, ки иштирокчиён бо маҳорати баланди эҷодӣ баромад кунанд.

Доир ба ҳамин мавзӯъ шоир, сармуҳаррири маҷаллаи “Садои Шарқ” Рустам Ваҳҳобзода дар барномаи «Адиб ва замон»-и Радиои «Ховар» изҳори андеша менамояд.

Барномаи «Адиб ва замон»-ро 06.08.2020 соатҳои 10:30, (такроран 14:30, ва 20:30) аз Радиои «Ховар» бишнавед. Муҳаррир ва ровии барнома Шабнам Шокирзода.

Август 5, 2020 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад