COVID-19. Дар Суғд корҳои безараргардонӣ ва фаҳмондадиҳӣ барои пешгирии паҳншавии коронавирус тақвият меёбанд

Август 29, 2020 10:41

 ДУШАНБЕ, 29.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми 28 август таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи навбатии ситоди вилоятӣ доир шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар ҷаласа гузориши муовини Раиси вилоят ва ҳамзамон муовини раиси ситоди вилоятӣ Зайнура Азимӣ шунида шуд.

Таъкид гардид, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят барои пешгирии интиқолу сирояти беморӣ аз тамоми имкониятҳо истифода гардида истодааст.

Бо назардошти вазъи мавҷуда зикр карда шуд, ки бояд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла нақлиёти умумӣ корҳои безараргардонӣ мунтазам гузаронида шаванд.

Ҳамзамон корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон тақвият бахшида шаванд ва шаҳрвандон ҷиҳати риояи гигиенаи шахсӣ, қоидаҳои санитарӣ, нигоҳ доштани масофаи муқарраршуда, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи антисептикӣ масъулияти бештар эҳсос намоянд.

Риояи дастуру талаботи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 ҳангоми гузаронидани тӯй ва дигар маросим низ бояд қатъӣ назорат карда шавад.

АКСҲО аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 29, 2020 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад