Дар ҷаласаи ситоди Вазорати тандурустӣ масъалаи назорати беморони COVID-19 ва таъмин бо маводи доруворӣ баррасӣ шуд

Август 7, 2020 09:15

 ДУШАНБЕ, 07.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бегоҳии 6 август дар ҳошияи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории коронавирус доир гардид.

Тавре аз Вазорати  мазкур  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар кори ҷаласа масъалаҳои назорати қатъии беморони гирифтори COVID-19, ки ҳолаташон сабук буда, зери назорати табибон дар хона табобат мегиранд, таҳлили амиқи вазъи бемории  коронавирус  дар мамлакат ва пурзӯр намудани гаштҳои хонагӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

«Дар ҷаласа Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир  Ғафур Муҳсинзода, Самариддин Ализода, Зулфия Абдусамадзода, сардорони як зумра раёсатҳои зерсохтори вазорат ва ҳамзамон ба тариқи онлайн сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони якчанд беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд»,-афзуд манбаъ.

Дар анҷом Ҷамолиддин Абдуллозода таваҷҷуҳи роҳбарони муассисаҳои тандурустиро ба масъалаи назорати беморон ва таъмини онҳо бо маводи доруворӣ, пурзӯр намудани чораҳои пешгирикунанда ва дигар масъалаҳо ҷалб намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Август 7, 2020 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн