Дар Душанбе вазъи соҳаи саноати Тоҷикистон таҳлил гардид
ДУШАНБЕ, 24.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои марбута ва бахши хусусӣ ҷиҳати таҳлили вазъи соҳаи саноати мамлакат, муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа ва таҳияи тавсияҳои мушаххас баргузор гардид.
Ҷаласаи мазкур бо мақсади иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 феврали соли 2020 ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани сармоягузорӣ доир гардид.
Дар баррасии масъалаҳо намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои бехатарии озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист, андоз, кор бо ҷавонон ва варзиш, Агентии «Тоҷикстандарт», Агентии содирот, роҳбари Гурӯҳи консалтингии «Камолот 1» табодули назар намуда, пешниҳодҳои судманд баён карданд.








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад






