Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои кормандон барномаи омӯзишии компютерӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 03.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз имрӯз то 7 август даҳ нафар кормандони Раёсат оид ба масъалаҳои кӯли Сарез ва Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи омӯзишии барномаҳои махсуси компютерӣ мегузаранд, то дар кори ҳамарӯзии худ онро истифода баранд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Барномаи омӯзишии компютерии мазкур дар доираи татбиқи «Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳо», ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд татбиқ мекунад, бо мақсади такмили ихтисоси кормандони Кумита дар Маркази таълимии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Технологияи нав ва барномаҳои ҷолиби компютерӣ барои роҳандозии мониторинг, хабардоркунии бармаҳал дар кӯли Сарез ва минтақаҳои атрофи он, инчунин ба роҳ мондани корҳои зидди жола аз ҷониби мураббиёни соҳибтаҷриба омӯзонида мешаванд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд






