Дар маркази ноҳияи Рӯшон сутунпояи Парчами миллӣ бо баландии 30 метр қомат меафрозад
ХОРУҒ, 10.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Рӯшон, дар канори рӯдхонаи Панҷ дар остонаи 29-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ сутунпояи Парчами миллӣ бо баландии 30 метр қомат меафрозад.
Дар атрофи ин парчам аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ роҳравҳои сангпӯш, ҳавзи оббозӣ, маркази дилхушӣ барои кӯдакону наврасон бунёд ёфта, гулҳои рангоранг, дарахтони ороишию мевадиҳанда шинонида мешаванд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои бунёди майдони Парчами миллӣ ва боғи фароғатӣ 620 ҳазор сомонӣ ҷудо карда, корҳои ободонию сабзазоркуниро дар баробари кормандони идораву муассисаҳои давлатӣ сокинони маркази ноҳия бар уҳда гирифтаанд.
Як сокини ноҳия Назаршо Шералиев гуфт, ки «ин ҳама ободкориҳо ба хотири насли имрӯзу ояндаи ҳамин сарзамин аст. Ман хушҳолам, ки дар бунёди майдони Парчами миллӣ ва боғи фароғатӣ каме ҳам бошад, саҳм мегузорам. Фардо агар ҳамроҳи наберагони худ барои истироҳат ба ин боғ биёям, бо ифтихор хоҳам гуфт, ки фалон дарахтро ман шинондаам, то шумо аз меваҳояш баҳра баред ва дар сояаш дам гиред».
Атрофи боғ пурра панҷара кашида шуда, мутахассисони соҳаи барқ ба насбу васл кардани чароғҳои барқӣ машғуланд. Занону духтарон ниҳолҳои гулро, ки қаблан дар гулдонҳо парвариш карда буданд, имрӯзҳо дар атрофи сутунпояи парчам мешинонанд. Сокини ин ноҳия Перӯза Замирова, ки ҳамроҳи ду наберааш чанд рӯз боз дар маъракаи гулшинонӣ ширкат меварзад, ин иқдоми мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияро сутуда, изҳор намуд, ки бо бунёд ёфтани майдони Парчами давлатӣ ва боғи фароғатӣ боз як гӯшаи маркази ноҳия зеботар мешавад.








МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид






