ДАР ОСТОНАИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Оё шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо бо китобҳои дарсию бадеӣ пурра таъминанд? Шарҳи хабарнигори АМИТ «Ховар»

Август 14, 2020 11:52

ДУШАНБЕ, 14.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Баъд аз чанд рӯз, аниқтараш 17 август соли нави хониш фаро мерасад. Хонандагони тоҷик ин рӯзро имсол зиёд интизор шуданд, зеро бинобар бемории коронавирус таътили тобистона тӯл кашид, менависад хабарнигори АМИТ «Ховар» зимни як ташреҳ дар иртибот ба ин мавзуъ.

Яке аз масъалаҳои муҳим барои хонандагон ва волидайни онҳо  дар  оғози   ҳар соли нави  хониш ин  таъмини толибилмон  бо  китобҳои дарсӣ мебошад. Бархе хонандагон ва волидайн ҳанӯз пеш аз оғози таҳсил ба мактабҳо рафта, барои фарзандонашон китоби дарсӣ дархост мекунанд, то онҳо бе китоб намонанд. Дигарон китобҳоро барои фарзандонашон аз мағозаҳои китобфурӯшӣ мехаранд.

Маълум, ки шумораи хонандагон дар мамлакат сол то сол зиёд шуда, талабот ба ашёи хониш ва китобҳои дарсию бадеӣ зиёд мегардад. Тавре дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон    ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 102 175 нафар кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, 2 033 900 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 21 890 нафар хонандагон ба таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва   87696 нафар донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ фаро гирифта шудаанд.

Дар мавриди талабот, эҳтиёҷот ва таъмини шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо бо китобҳои дарсию бадеӣ  мо бо муовини директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти  китобҳои дарсӣ,  илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин  Уроқов  суҳбат намудем.

Тавре ҳамсуҳбати мо иброз дошт, имсол аз ҷониби шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 6 млн 691 ҳазору 512 нусха китобҳои дарсӣ дархост пешниҳод шудааст. То имрӯз шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо 136 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди зиёда аз 2 млн 240 ҳазору 363 нусха  таъмин шудаанд. Ҳамасола мактабҳо вобаста ба талабот ва дархосташон бо китобҳои дарсӣ таъмин карда мешаванд. Ҳангоми чопи китоб на танҳо мазмун, балки  безарарии он (китоб бояд дар варақи сафед бо хатти хоно нашр гардад, баръакси ҳол он ба нури чашм зарар расонида, метавонад боиси бемориҳои роҳи нафас шавад), ба инобат гирифта мешавад.

Ба гуфти Тоҷиддин Уроқов, ба иҷора додани  китобҳои дарсӣ тибқи Низомномаи махсус амалӣ карда мешавад, яъне  китобҳо тӯли се сол ба хонандагон ба иҷора дода шуда, дар ин муддат маблағи китоб (соли аввал 34 фоиз ва ду соли дигар 33-фоизӣ, ки ҳосили он 100 фоизи маблағи китоб мешавад) аз хонандагон ҷамъоварӣ ва қарзи он баргардонида мешавад. Инчунин дар ҳолати сифати худро гум накардани китоб он ду соли дигар дар дохили мактаб ба иҷора дода мешавад, ки панҷ солро ташкил медиҳад. Яъне, то он даме, ки китоб дар ҳолати хуб асту истифодаи он имконпазир,  мактаб аз хонанда ҳаққи истифодаи онро мегирад.

Тоҷиддин Уроқов аз он мутаассиф аст, ки аз ҷониби китобдорони мактабҳо ва хонандагону падару модарон нисбат ба китоб бепарвоӣ зоҳир гардида, бештари китобҳо тӯли як ё ду сол аллакай фарсуда ё гум карда мешаванд. Дар ин сурат маблағи  пурраи он пардохт нашуда, норасоии китоб ба амал меояд.

Омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 181 ноҳияи Рӯдакӣ Матлубо Куканова дар ин маврид чунин гуфт: «Дар ҳолате, ки хонанда китобро гум мекунад, аз ӯ талаб карда мешавад, ки ба ҷойи он китоби нав харида, супорад. Вақте ки китобро ба хонанда ба иҷора медиҳем, охири сол китобро ба шакли аввалаи додаамон талаб мекунем. Агар китоб дарида ё    саҳифаҳои он парешон шуда бошад, он гоҳ ба волидайн муроҷиат менамоем, то ки  варақхи даридаро ширеш намуда, супоранд».

Ба андешаи мутахассисони соҳа,  нархи китобҳо  вобаста ба сатҳи иҷтимоии аҳолӣ  муайян шудааст. Дар муқоиса ба ҳамсоякишварҳо китобҳои дарсӣ дар мамлакати мо нархи камтар доранд. Мисоли ин, китобҳои дарсии забони русӣ мебошанд, ки нархашон дар фурӯшгоҳҳои китоб хеле гарон  аст.

Тоҷиддин Уроқов иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чор нуқтаи фурӯши китобҳои дарсӣ шартномаи дуҷониба дорад. Яке дар назди Вазорати маориф ва илм, ду дӯкони дигар дар КВД «Бозори Корвон» ва сеюмин дар назди КД «Таъминот ва савдои китоб», ки дар пойтахт, дар суроғаи кӯчаи Неъмат Қаробоев-17 ҷойгир мебошанд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, барои нашри як китоб 8 моҳ лозим аст, то он банду баст ва таҳрир шуда, ба чоп расад. Имсол Вазорати маориф ва илм ният дорад, ки дар оғози соли нави таҳсил  47 номгӯй китобҳои дарсиро бо  теъдоди зиёда аз 5 млн 400 ҳазор нусха чоп намояд.

Муовини директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти  китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки арзиши аслӣ ва иҷораи китобҳои дарсӣ баланд нест, бо вуҷуди он ки шуъбаҳои маориф барои пӯшондани хароҷоти нақлиёт оид ба дастрас кардани китобҳо метавонанд тибқи  тапртиби муқарраршуда ба нархи муайянкардаи вазорат  2 фоиз илова намоянд.

Ба гуфти мавсуф, яке аз мушкилоти асосие, ки ҳалли пурраи худро намеёбад, ин пардохт нашудани маблағҳои китоб аз ҷониби шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои мамлакат мебошад. Аз соли 2001 то 2018 қарзи тамоми шуъбаҳои маорифи мамлакат зиёда аз 13 млн сомониро ташкил медиҳад, ки онро қарзҳои классикӣ меноманд. Мутаассифона, аз болои қарзҳои шуъбаҳои шаҳру ноҳияҳо назорат бурда намешавад.

«Мо барои сари вақт ва пурра бо китоби дарсӣ таъмин намудани  хонандагон ба шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии мамлакат нусхаи электронии китобҳоро фиристодем. Ҳоло ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ба он дастрасӣ доранд. Аз он ҳам омӯзгорон ва ҳам хонандагон метавонанд истифода намоянд. Инчунин шакли электронии китобҳо дар сомонаи Вазорати маориф ва илм ҷой дода шудааст, ки метавонанд аз он низ истифода баранд», — гуфт Тоҷиддин Уроқов.

Ёдовар мешавем, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли равон шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар муассисаҳои таълимиро бо 129 номгӯй китоби дарсӣ ба миқдори 1 млн. 643 ҳазору 591 нусха, 65 номгӯй китоби бадеӣ ба миқдори 22 ҳазору 625 нусха, 45 номгӯй маводи таълимӣ (барномаи таълим, журнали синф, роҳнамои омӯзгор ва ғайра) ба миқдори 156 ҳазору 687 нусха таъмин намуд.

Инчунин ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ низ 8 номгӯй китоби дарсӣ ба миқдори 263 нусха ва 16 номгӯй барномаи таълимӣ ба миқдори 251 нусха ирсол гардид.

Айни замон чопи 18 номгӯй китобҳои дарсӣ ба миқдори 1 млн. 709 ҳазору 640 нусха аз ҷониби ширкатҳои ноширии ватанӣ идома дошта, як теъдоди он то фарорасии соли нави таҳсил ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас карда мешавад.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

                                                                                              АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Август 14, 2020 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид