Дар Тоҷикистон истеҳсоли шифер зиёд гардидааст

Август 17, 2020 08:31

ДУШАНБЕ, 17.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳафт моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 718,6 ҳазор дона шифер ба маблағи 21,8 миллион сомонӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 184,7 ҳазор дона зиёд аст. Дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Арзиши аслии шифер 32,6 сомониро ташкил дода, нархи он бо назардошти андозҳо ва даромаднокӣ дар корхона 41,0 сомонӣ мебошад.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 10 корхонаи истеҳсоли шифер фаъолият доранд. Имсол 2 корхонаи нави истеҳсоли шифер–ҶММ «Восеъ саноат» дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ва ҶММ «Хизир Назар» дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд мавриди истифода қарор гирифтанд.

Инчунин бо иштироки Сарвари давлат дар шаҳри Бӯстон дар заминаи ҶДММ «Воситзода» коргоҳи истеҳсоли шиферҳои асбестӣ бо иқтидори солонаи 250 ҳазор дона бо фарогирии 25 нафар коргарон ба фаъолият оғоз намуд. Бо назардошти фаъолияти мунтазами корхонаҳои мазкур истеҳсоли шифер зиёд гардида, воридоти он коҳиш меёбад.

Август 17, 2020 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст