Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лигаи ҳандбол таъсис ёфт

Август 13, 2020 08:20

ДУШАНБЕ, 13.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон бори аввал дар таърихи варзиши мамлакат Лигаи ҳандбол таъсис дод. Бозиҳои Лигаи ҳандболи Тоҷикистон миёни ҷавонон доир мегарданд ва дар он дастаҳои «Душанбе», «Марко Поло», «Сарез», «Скиф», «Сокол», «Ҳисор» ва ғайра иштирок мекунанд. Дар ин  бора раиси Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон Муҳаммадфарид Мирзоҳодиев хабар дод.

Бозиҳои мазкур дар ду марҳила баргузор мегарданд ва дастаи  холи бештар гирифта, ғолиб мешавад. Марҳилаи аввали Лигаи ҳандболи Тоҷикистон аз 17 то 28 август доир мешавад. «29-31 август Федератсияи ҳандболи Осиё барои доварони Тоҷикистон тариқи онлайн курси омӯзишӣ мегузаронад. Доварони мо, ки бозиҳои марҳилаи аввали Лигаи ҳандболро ҳакамӣ мекунанд, имкон доранд дар курси омӯзишӣ иштирок ва донишҳои худро афзун намоянд. Сипас, доварон донишу таҷрибаи андӯхтаашонро дар марҳилаи дуюм амалӣ мекунанд»,- иброз намуд М. Мирзоҳодиев.

Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон кӯшиш дорад бозиҳо дар сатҳи баланди касбӣ баргузор шаванд ва аз ҳисоби чеҳраҳои нав дастаи мунтахаби Тоҷикистонро барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ташкил намояд.

Август 13, 2020 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад