Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба бозии дӯстона ба муқобили Ӯзбекистон омодагӣ мебинад
ДУШАНБЕ, 25.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷамъ омада, ба бозии дӯстона ба муқобили дастаи мунтахаби Ӯзбекистон, ки 3 сентябр дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад, омодагӣ мебинад. Бо ин мақсад ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо раҳбарии Усмон Тошев ҳайати дастаро, ки дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар шаҳри Душанбе пеш аз бозии дӯстона ширкат меварзад, эълон кард. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Усмон Тошев ба ҷамъомад 24 бозингар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро даъват кардааст.
Ҳимоятгари дастаи футболи «Бунёдкор»-и Тошканд Давронҷон Эргашев, ки дар ихтиёри дастаи худ мебошад, ба дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд мепайвандад.
Дарвозабони дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Рустам Ятимов, ки дар бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Малайзия моҳи ноябри соли гузашта корти сурх гирифта буд, тибқи дастури FIFA дар бозӣ бо дастаи мунтахаби Ӯзбекистон иштирок намекунад. Бо вуҷуди ин, Рустам Ятимов бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон тамрин менамояд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Қурбоналӣ Бобоев («Кӯктош»);
Ҳимоятгарон: Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев (ҳарчор аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Хуршед Бекназаров, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хуҷанд»);
Нимҳимоятгарон: Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Илҳом Баротов («Истаравшан»), Умарҷон Шарипов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов («Файзканд»), Комрон Турсунов («Моҳун Баган», Ҳиндустон), Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»);
Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Бозоров, Тоҳир Малодӯстов (ҳарсе аз «Хуҷанд»)
Сармураббӣ – Усмон Тошев.








БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд






