ДИҚҚАТ! Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соҳаҳои адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, ихтироъкорӣ ва барномасозӣ озмун эълон менамояд
ДУШАНБЕ, 07.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти ҷоизаи Кумита дар соҳаҳои адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, ихтироъкорӣ ва барномасозӣ барои соли 2020 озмун эълон менамояд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, озмуни мазкур бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасманд гардонидани соҳибистеъдодҳои ҷавон, адибону рӯзноманигорон, рассомон, бастакорон, режиссёрон, меъморон ва санъаткорон таъсис дода шудааст.
Барои дарёфти ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷавононе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар рушду инкишофи соҳаи худ дар мамлакат саҳми босазо гузоштаанд, метавонанд ба таври инфиродӣ ва ё дар ҳайати гурӯҳи эҷодӣ (то 4 нафар) дар озмун иштирок намоянд. Синни довталабони Ҷоиза дар рӯзи пешбарӣ набояд аз 30 боло бошад.
Ҷоизаи мазкур мувофиқи қарори ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 1 сол як маротиба дода мешавад.
Довталабон метавонанд барои дарёфти маълумоти бештар ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная 6 ва ё почтаи электронии: zubaydullo_1981@mail.ru муроҷиат намоянд.
Қабули ҳуҷҷатҳо то 23 сентябри соли 2020, соати 14:00 муайян шудааст.
Телефон барои тамос (+37) 2363726, 236,7815, 901 10 43 96








Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд






