ҶДММ хоҷагии зотпарварии «Саодат»-и Хуросон саршумори говҳои ҷӯшоиро ба 1000 сар мерасонад
ДУШАНБЕ, 12.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. ҶДММ хоҷагии зотпарварии «Саодат»-и ноҳияи Хуросон саршумори говҳои ҷӯшоиро ба 1000 сар расониданист. Хоҷагӣ имрӯзҳо бо давлатҳои Чехия, Эрон, Туркия, Чин, Россия ва Беларус ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. Ҷамъият аз Чехия дастгоҳи замонавие ворид намудааст, ки дар як вақт имкони ҷӯшидани 32 сар говро дошта, ҳаҷми истеҳсоли шир дар як шабонарӯз зиёда аз 7 ҳазору 500 литрро ташкил медиҳад. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар»хабар доданд.
Сарвари хоҷагии зотпарварии «Саодат» Иноят Холов иброз намуд, ки корхона бо маблағи 18 миллион сомонӣ дар масоҳати 14,2 гектар бунёд гашта, дар ин ҷо ду намуди чорвои калони шохдор — зоти «Сементал» ва «Голштен» парвариш меёбанд. Шумораи онҳо 730 сар буда, қариб 500 сарро модаговҳои ҷӯшоӣ ташкил медиҳанд.
Дар ферма 112 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъминанд. Мутахассисон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ба кор ҷалб карда шуда, бо ҷойи хоб ва се вақт хӯроки гарм таъмин мебошанд.
Дар назди хоҷагӣ коргоҳи коркарди шир фаъолият дошта, ба истеҳсоли маҳсулоти хушсифат, ба монанди кефир, ҷурғот, сметана, қаймоқ, чакка, творог, йогурт ва шир машғул мебошад.
Ёдовар мешавем, ки корхонаи мазкур тирамоҳи соли 2014 дар заминаи комбинати шири шаҳри Душанбе бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият шурӯъ намудааст.








Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид






