ФУТБОЛ. Ғолибони даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд

Август 10, 2020 09:20

ДУШАНБЕ, 10.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои  истироҳат  дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ  хотирмон баргузор шуданд. 8 август дастаҳои футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ   бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода  бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  бо КМВА  ва 9 август  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Душанбе-83»-и Душанбе, «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Локомотив-Помир»-и Душанбе  байни  ҳам рақобат карданд. Ин мавзӯъро шореҳи варзишии АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

Дар бозии даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи   футболи  «Хуҷанд»-и  шаҳри Хуҷанд дар меҳмонӣ бар дастаи «Душанбе-83»-и шаҳри Душанбе  бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз гашт. Голҳои дастаи  «Хуҷанд»-ро Фатҳулло Фатҳуллоев ва Тоҳир Малодӯстов ба ҳадаф расониданд. Як голи соҳибони майдонро легионери ганагӣ Агблей Ҷонс  ба  нишон расонид.

Пешсафи чемпионати имсола ва чемпиони феълии мамлакат  дастаи    футболи «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе дар меҳмонӣ бар дастаи «Локомотив-Помир»-и Душанбе  бо ҳисоби калони 3:0 дастболо шуд. Ду голи дастаи «Истиқлол»-ро Алишер Ҷалилов ва як голро Эҳсони Панҷшанбе ба ҳадаф расониданд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 10-ум

«Душанбе-83» – «Хуҷанд» – 1:2

Голҳо: Агблей Ҷонс, 11 (1:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 21 (1:1). Тоҳир Малодӯстов, 76 (1:2).

Огоҳонида шуданд: Изатулло Рӯзиев, Люк Менджана Леонел («Душанбе-83»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Фатҳулло Фатҳуллоев («Хуҷанд»).

8 август. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ.

«Локомотив-Помир» – «Истиқлол» – 0:3

Голҳо: Алишер Ҷалилов, 8 (0:1). Эҳсони Панҷшанбе, 26 (0:2). Алишер Ҷалилов, 45+1 (0:3).

Огоҳонида шуданд: Сиёвуш Асроров («Локомотив-Помир»), Манучеҳр Ҷалилов, Хуршед-Тимур Ҷӯраев («Истиқлол»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»).

8 август. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник».

«Файзканд» – «Кӯктош» – 0:0

Огоҳонида шуданд: Самандар Шарипов, Анвар Муродов, Далерҷон Тухтасунов («Файзканд»), Мухиддин Одилов («Кӯктош»).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Далер Ёдгоров («Кӯктош»).

8 август. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.

КМВА – «Истаравшан» – 1:1

Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 13 (1:0). Саиддостон Фозилов, 44 (1:1).

9 август. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор».

 «Хатлон» – «Регар-ТадАЗ» – 4:2

Голы: Умарҷон Шарипов, 1 (1:0). Нозим Бобоҷонов,   (1:1). Парвиз Боқиохунов, 51 (2:1). Нозим Бобоҷонов, 59   (2:2). Умарҷон Шарипов, 79 (3:2). Жан Гатен, 90 (4:2).

9 август. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор».

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври  9-ум

«Кӯктош»-  «Файзканд»  3:1 (1:1)

Голҳо: Наврӯз Рустамов ’23 (пен.), Бунёд Шодиев ’45+1, Аббос Икромов ’87, Мӯҳсин Абдуғаффоров ’90+7 (пен.)

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» – 1:1

Голҳо: Эҳсон Бобоев, 83 (0:1). Нозим Бобоҷонов, 87 (1:1).

«Истаравшан» – КМВА– 1:2

Голҳо: Шервони Мабатшоев, 4 (0:1). Шервони Мабатшоев, 12 (0:2). Илҳом Баротов, 70 (1:2).

«Истиқлол»-    «Локоматив Помир»  1:0

Гол:Рустам Соиров   дар дақиқаи 44-уми рақобат бо паси Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расонид.

«Хуҷанд» – «Душанбе-83» – 1:0

Гол: Фирдавс Чақалов, 90+1.

ҶОЙ   ДАСТАҲО    Б    Ғ    М    Б    Т-Т    Х
1 «Истиқлол» (Душанбе) 10 9 1 0 42-5 28
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 10 7 1 2 19-11 22
3 «Хатлон» (Бохтар) 10 6 3 1 20-14 21
4 КМВА(Душанбе) 10 4 3 3 14-13 15
5 «Куктош» (Рӯдакӣ) 10 3 4 3 11-12 13
6 «Душанбе-83» (Душанбе) 10 3 2 5 10-18 11
7 «Файзканд» (Восеъ) 10 2 5 3 10-17 11
8 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 10 2 2 6 15-23 8
9 «Истаравшан» (Истаравшан) 10 1 2 7 11-27 5
10 «Лакаматив-Помир»(Душанбе)   10 1 1 8 7-19 4

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов, Алишер Ҷалилов (ҳарду аз «Истиқлол») – 10 голӣ, Илҳом Баротов («Истаравшан») – 8 гол, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол») – 6 голӣ, Парвиз Боқиохунов («Хатлон»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Худойдод Узоқов («Хатлон») – 5 голӣ, Вахит Оразсахедов («Истиқлол»), Шервони  Мабатшоев, Шодибек  Ғаффоров (ҳарду аз КМВА) – 4 голӣ.

Август 10, 2020 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд