ФУТБОЛ. Ғолибони даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд

Август 14, 2020 09:10

ДУШАНБЕ, 14.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. 12-13 август дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ  хеле ҷолиб баргузор шуданд. 12 август дастаҳои футболи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода  бо КМВА  ва 13 август  «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  бо «Душанбе-83»-и Душанбе, «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар байни  ҳам рақобат карданд. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

Бозии дастаҳои футболи  КМВА  ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода рақобати марказии даври 11-уми Лигаи олӣ ба шумор мерафт. Сабқати  ин  дастаҳо хеле ҷолиб баргузор шуда, бо ҳисоби калони 5:1 бар нафъи дастаи  КМВА хотима ёфт. Дар ҳайати дастаи ғолиб Нодирбек Иброҳимов ду тӯб, Билол Сулаймонов, Шамсиддин Қосимов ва Шодибек Ғаффоров якголӣ ба ҳадаф расонданд. Голи дастаи «Регар-ТадАЗ» —и Турсунзодаро  Нозим Бобоҷонов ба нишон расонид.

Бозӣ миёни дастаҳои футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе  бо ҳисоби мусовӣ, яъне бидуни гол анҷом ёфт. Дар бозии дигари  даври мазкур чемпиони феълии Тоҷикистон — дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе ғалабаи навбатиро ба даст овард. «Истиқлол» ин бор ба дарвозаи дастаи футболи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ се голи беҷавоб зад. Рақобати ин  дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе  дар   сатҳи баланд  доир гашт. Дар ин вохӯрии ҷолиб голҳоро Манучеҳр Ҷалилов ва Муҳаммадҷон Раҳимов  ба ҳадаф расониданд. Бо баргузор шудани ду бозӣ бо иштироки дастаҳои футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо «Душанбе 83»-и шаҳри Душанбе рақобатҳои даври 11-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон ҷамъбаст шуданд.

Дастаи футболи «Кӯктош», ки дар майдони худ яке аз пешсафони мавсимро қабул кард, бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд ва мавқеи худро дар зинаи 5-ум мустаҳкам намуд. Дар ҷараёни бозӣ ҳисоб дар дақиқаи 20-ум кушода шуд. Дарвозабони мизбонон Қурбоналӣ Бобоев иштибоҳан тӯбро вориди дарвозаи худ намуд. Қисми якуми бозӣ бо натиҷаи 0-1 хотима ёфт. Бо шуруи қисми дуюми рақобат мизбонон пеналти кор карданд ва Муҳаммадшарифи Саидхоҷа бо истифода аз он ҳисобро баробар кард. Голи дуюми мизбононро бошад Далер Ёдгоров зад. Пас аз ин пирӯзӣ шумораи имтиёзҳои дастаи  «Кӯктош» ба 16 баробар шуд.Дастаи футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бошад, бо 21 хол дар зинаи 3-юм боқӣ монд.

Сабқати  дигари ин давр, ки дар шаҳри Истаравшан миёни дастаҳои футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо  «Душанбе 83»-и шаҳри Душанбе  сурат гирифт бо ҳисоби 2:0 ба суди мизбонон хотима ёфт, ки дар ин вохӯрӣ ҷолиб  голҳоро Салам Ашурмамадов ва Илҳом Баротов ба нишон расониданд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 11-ум

«Регар-ТадАЗ» – КМВА – 1:5

Голҳо: Нодирбек Ибрагимов, 6 (0:1). Нодирбек Ибрагимов, 68 (0:2). Нозим Бобоҷонов, 77 (1:2). Билол Сулаймонов, 84 (1:3). Шамсиддин Қосимов, 87 (1:4). Шодибек Ғаффоров, 90+2 (1:5).

«Хуҷанд» – «Локомотив-Помир» – 0:0

«Истиқлол» – «Файзканд» – 3:0

Голҳо: Муҳаммадҷон Раҳимов, 24 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 52 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 69 (3:0).

 «Кӯктош» – «Хатлон» – 2:1

Голҳо: Қурбоналӣ Бобоев, 20 (худгол) (0:1). Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 48 — (1:1). Далер Ёдгоров, 76 (2:1).

«Истаравшан» – «Душанбе-83» – 2:0

Голҳо: Салам Ашурмамадов, 7 (1:0). Илҳом Баротов, 77 — пеналти (2:0).

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 10-ум

«Душанбе-83» – «Хуҷанд» – 1:2

Голҳо: Агблей Ҷонс, 11 (1:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 21 (1:1). Тоҳир Малодӯстов, 76 (1:2).

Огоҳонида шуданд: Изатулло Рӯзиев, Люк Менджана Леонел («Душанбе-83»).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Фатҳулло Фатҳуллоев («Хуҷанд»).

8 август. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ.

«Локомотив-Помир» – «Истиқлол» – 0:3

Голҳо: Алишер Ҷалилов, 8 (0:1). Эҳсони Панҷшанбе, 26 (0:2). Алишер Ҷалилов, 45+1 (0:3).

Огоҳонида шуданд: Сиёвуш Асроров («Локомотив-Помир»), Манучеҳр Ҷалилов, Хуршед-Тимур Ҷӯраев («Истиқлол»).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»).

8 август. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник».

«Файзканд» – «Кӯктош» – 0:0

Огоҳонида шуданд: Самандар Шарипов, Анвар Муродов, Далерҷон Тухтасунов («Файзканд»), Мухиддин Одилов («Кӯктош»).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Далер Ёдгоров («Кӯктош»).

8 август. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.

КМВА – «Истаравшан» – 1:1

Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 13 (1:0). Саиддостон Фозилов, 44 (1:1).

9 август. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор».

 «Хатлон» – «Регар-ТадАЗ» – 4:2

Голҳо: Умарҷон Шарипов, 1 (1:0). Нозим Бобоҷонов,   (1:1). Парвиз Боқиохунов, 51 (2:1). Нозим Бобоҷонов, 59   (2:2). Умарҷон Шарипов, 79 (3:2). Жан Гатен, 90 (4:2).

9 август. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор».

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври  9-ум

«Кӯктош»-  «Файзканд»  3:1 (1:1)

Голҳо: Наврӯз Рустамов ’23 (пен.), Бунёд Шодиев ’45+1, Аббос Икромов ’87, Мӯҳсин Абдуғаффоров ’90+7 (пен.)

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» – 1:1

Голҳо: Эҳсон Бобоев, 83 (0:1). Нозим Бобоҷонов, 87 (1:1).

«Истаравшан» – КМВА– 1:2

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 4 (0:1). Шервонӣ Мабатшоев, 12 (0:2). Илҳом Баротов, 70 (1:2).

«Истиқлол»-    «Локоматив Помир»  1:0

Гол:Рустам Соиров   дар дақиқаи 44-уми рақобат бо паси Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расонид.

«Хуҷанд» – «Душанбе-83» – 1:0

Гол: Фирдавс Чақалов, 90+1.

ҶОЙ   ДАСТАҲО    Б    Ғ    М    Б    Т-Т    Х
1 «Истиқлол» (Душанбе) 11 10 1 0 42-5 31
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 11 7 1 2 19-11 23
3 «Хатлон» (Бохтар) 11 6 3 2 20-14 21
4 КМВА(Душанбе) 11 5 3 3 14-13 18
5 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 11 4 4 3 11-12 16
6 «Душанбе-83» (Душанбе) 11 4 2 5 10-18 11
7 «Файзканд» (Восеъ) 11 2 5 4 10-17 11
8 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 11 2 2 6 15-23 8
9 «Истаравшан» (Истаравшан) 11 2 2 8 11-27 8
10 «Локоматив-Помир»(Душанбе)   11 1 1 9 7-19 5

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр «Истиқлол» 12- гол,    Алишер Ҷалилов «Истиқлол» – 10 гол, Илҳом Баротов («Истаравшан») – 8 гол, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»)  Парвиз Боқиохунов («Хатлон») 6-голӣ, Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Худойдод Узоқов («Хатлон») – 6-голӣ, Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ») –  5 гол,  Вахит Оразсахедов («Истиқлол»), Шервони  Мабатшоев, Шодибек  Ғаффоров (ҳарду аз КМВА)  Умарҷон Шарипов («Хатлон») – 4 голӣ.

Август 14, 2020 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид
Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Темурмалик муайян гардиданд
Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонҳо ба анҷом расид
Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид