Хатлон: нафари пештар судшуда ба сокини шаҳри Бохтар 17 ҳазор сомонӣ зарар расонид
ДУШАНБЕ, 05.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони шуъбаи тафтишотии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар баробари бурдани корҳои тафтишотӣ дар натиҷаи баррасии аризаи сокини шаҳри Бохтар як ҷинояти дуздиро ошкор намуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Гумонбари ҷинояти дуздии моликияти шаҳрвандон Саймумин Абдулхайров, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Вахш, пеш суд шудаву адои ҷазо карда бошад ҳам, боз такроран даст ба ҷиноят задааст.
Охирҳои моҳи июни соли равон ҳангоми дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Алиҷон Сафаров, сокини шаҳри Бохтар ба ҳайси устои таъмири хона қарор доштанаш ба боварии соҳибони хона даромада, аз набудани онҳо истифода намуда, маблағи 10 000 сомонӣ ва ҷавоҳироти тиллоиро тасарруф менамояд. Ӯ бо ин амал ба ҷабрдида 17 000 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
С. Абдулхайров дар 2 ҳолати ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешавад ва айни замон нисбат ба гумонбаршуда дар шуъбаи тафтишотии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд






