«Муҳоҷир», «Соро компания», «Равшан» ва «Истаравшан» ба нимфинали Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал роҳ ёфтанд
ДУШАНБЕ, 31.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал дар толорҳои варзишии мамлакат хеле ҷолиб баргузор шуданд. Дар натиҷа дастаҳои футзали «Муҳоҷир»-и шаҳри Душанбе ва «Соро компания»-и шаҳри Душанбе, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ба нимфинали мусобиқа роҳ ёфтанд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Бозии ҷолиби даври чорякфинал миёни дастаҳои футзали «Муҳоҷир»-и шаҳри Душанбе ва «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд доир шуд. Вақти асосии дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт. Ба голи задаи Бахтиёр Солеҳов хуҷандиҳо тавассути зарбаи нишонраси Баҳодур Хоҷаев ҷавоб доданд. Дар вақти изофӣ низ дастаҳо ба дарвозаи якдигар якголӣ заданд. Дастаи «Сипар»-и шаҳри Хуҷандро Дилшод Саломов ба пеш баровард, вале Бахтиёр Солеҳов ҳисобро баробар кард. Дар задани пеналтӣ бозингарони дастаи «Муҳоҷир»-и шаҳри Душанбе маҳорати баланд нишон дода, бо ҳисоби 3:2 ғолиб омаданд.
Дар бозиҳои дигар дастаҳои «Соро компания» бар дастаи «Иттифоқ» бо ҳисоби 11:2 ва «Истаравшан» бар «Формула-55» бо ҳисоби 7:1 пирӯз шуданд. Вақти асосии бозӣ миёни дастаҳои «Самандар»-и шаҳри Турсунзода ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби мусовии 6:6 хотима ёфт. Дар вақти изофӣ бозингарони дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб боз 5 голи дигар заданд, ва ин вохӯрии ҷолиб бо ҳисоби калони 11:6 бар нафъи дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб анҷом ёфт.
Ҳамин тариқ, дар даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал, ки 9 сентябр баргузор мешавад, дастаҳои футзали «Муҳоҷир»-и шаҳри Душанбе бо «Соро компания»-и шаҳри Душанбе ва «Истаравшан-и шаҳри Душанбе бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб байни ҳам вомехӯранд.
Ёдовар миешавем, ки бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2020 12 сентябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд сурат мегирад.
Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футзал
Даври ¼- ниҳоӣ
«Самандар» (Турсунзода) – «Равшан» (Кӯлоб) – 6:11
Голҳо: Ориф Меликов, 1 (1:0). Идимад Авзалов, 11 (1:1). Идимад Авзалов, 14 (1:2). Фирдавс Тусматов, 17 (2:2). Қадам Абилов, 18 (2:3). Ашраф Сабитов, 23 (3:3). Акбар Маманазаров, 34 (4:3). Низом Махмаев, 35 (5:3). Иброҳим Мирзоев, 36 (5:4). Қадам Абилов, 37 (5:5). Ориф Меликов, 39 (6:5). Қадам Абилов, 40 (6:6). Қадам Абилов, 44 (6:7). Қадам Абилов, 45 (6:8). Қадам Абилов, 46 (6:9). Маҳмадюсуф Таибов, 47 (6:10). Қадам Абилов, 48 (6:11).
«Муҳоҷир» (Душанбе) – «Сипар» (Хуҷанд) – 2:2. Аз пеналти – 3:2
Голҳо: Бахтиёр Солиев, 19 (1:0). Баҳодур Ҳоҷаев, 32 (1:1). Дилшод Саломов, 44 (1:2). Бахтиёр Солиев, 50 (2:2).
«Истаравшан» (Истаравшан) – «Формула-55» (Душанбе) – 7:1
Голҳо: Шаҳбоз Бобоҷонов, 6 (1:0). Фаридун Расулов, 10 (2:0). Ҳусейн Расулов, 14 (3:0). Холид Сабуров, 20 (4:0). Парвиз Раупов, 21 (5:0). Шаҳбоз Бобоҷонов, 22 (6:0). Фаридун Расулов, 31 (7:0). Фаридун Расулов, 36 –(худгол) (7:1).
«Иттифоқ» (Душанбе) – «Соро компания» (Душанбе) – 2:11
Голҳо: Идрис Ёров, 3 (0:1). Комрон Алиев, 4 (0:2). Некрӯз Алимахмадов, 6 (0:3). Акуенте Колман, 6 (1:3). Насим Шарипов, 10 (1:4). Некрӯз Алимаҳмадов, 17 (1:5). Малхах Муртсхваладзе, 18 (1:6). Некрӯз Алимахмадов, 19 (1:7). Умед Кузиев, 19 (1:8). Умед Кузиев, 19 (1:9). Умед Кузиев, 23 (1:10). Рустам Хамидов, 36 (1:11). Наврӯз Саидов, 39 (2:11).
Даври ½-ниҳоӣ
9 сентябр (чоршанбе)
16:00 – «Истаравшан» – «Равшан»
16:00 – «Муҳоҷир» – «Соро компания»








Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид
Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Темурмалик муайян гардиданд
Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонҳо ба анҷом расид
Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид






